Сентябр 28, 2021 10:38 Asia/Dushanbe
  • Тахтиравончӣ: Суханронии нахуствазири режими Исроил дар мавриди Эрон пур аз дурӯғ буд

Маҷиди Тахтиравончӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Суханронии нахуствазири режими саҳюнистӣ дар мавриди Эрон пур аз дурӯғ буд.

Сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер бо ишора ба ин ки режими саҳюнистӣ дар ҳоле ки садҳо кулоҳаки ҳастаӣ дорад, наметавонад дар мавриди барномаи сулҳомези Эрон баҳс кунад, навишт: Эронҳаросӣ дар Созмони Милал ба авҷи худ расид.

Нафтоли Беннет, нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе дар Маҷмаи умумии Созмони Милал лаффозиҳо ва иттиҳомоти ин режим алайҳи барномаи ҳастаии сулҳомези Ҷумҳурии исломии Эронро такрор кард.

Вай бо эътироф ба ин ки Эрон дар чанд соли гузашта як ҷаҳиши бузург дар заминаи таҳқиқу тавсеаи ҳастаӣ доштааст, гуфт: Бо ҳарф наметавон ҳаракати сентрифугаҳоро мутаваққиф кард.

Нахуствазири режими Исроил иддао кард, ки барномаи сохти силоҳи ҳастаии Эрон ба нуқтаи ғайриқобили баргаште расидаву тамомии хутути қирмизро рад кардааст.

Иттиҳом задан ба Эрон дар ҳоле аз сӯйи нахуствазири режими саҳюнистӣ такрор мешавад, ки ин режим дастикам 200 бомби ҳастаӣ дар ихтиёр дорад ва то кунун иҷозаи бозрасӣ аз марокизи атомии худро ба бозрасони Созмони байналмилалии энержии атомӣ надодааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Эрон яке аз имзокунандагони Паймони манъи густариши таслеҳоти ҳастаӣ будаву барномаи ҳастаии Эрон низ зери назорати густардаи бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ қарор дорад.

 

Бештар бихонед: