Ноябр 07, 2016 18:09 Asia/Dushanbe
  • Талоши Эрон ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ

Мақомоти Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиро дар қолаби 11-умин иҷлоси Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои ду кишвар, баррасӣ карданд.

Ба гузориши Радиои тоҷикӣ, Ҳамиди Читчиён-Вазири нерӯи Эрон, дар маросими ифтитоҳи ин иҷлос, ки бо ҳузури вазири энержӣ ва захоири обии ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд гуфт, Эрон дар фазои ҷадиди байналмилалӣ барои тавсеаи мубодилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон омодагии комил дорад.

Вазири нерӯи Эрон гуфт, дар фазои ҷадиди пас аз БАРҶОМ, шароити мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи тиҷорӣ, иқтисодӣ аз ҷумла дар заминаҳои барқ, нафт, газу об, санъат ва маъдан, кишоварзӣ, беҳдошту дармон, улуму фанноварӣ ва ҳамкориҳои бонкӣ ва гумрукӣ бавуҷуд омадааст.

Читчиён ҳамчунин аз ширкати Фароб, Бонки тавсеаи Содирот, Сандӯқи замонати Содирот ва намояндагони Вазорати энержӣ, ширкати Барқи тоҷик ва Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон хост, бо баҳрагирӣ аз фазои маваддатомези иҷлос ва аз тариқи музокираи ҳамроҳ бо ҳусни ният нисбат ба рафъи мушкили бозпардохти мутолиботи Эрон дар тарҳи сад ва нерӯгоҳи Сангтуда иқдом кунанд.

Вай ибрози умедворӣ кард, дар бозаи замонии як сола, то иҷлоси баъдӣ шоҳиди иртиқои камӣ ва кайфии ҳамкориҳо дар бахшҳои хусӯсии ду кишвар бошем.

Вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон низ дар ин иҷлос гуфт, дар шаш моҳаи аввали соли 2016 ҳудуди 19.2 миллион доллар коло аз Тоҷикистон ба Эрон содир шудааст.

Усмоналӣ Усмонзода афзуд, Тоҷикистон дар ин муддат 55 миллион доллар аз Эрон воридот доштааст ва умедворем дар оянда, ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар афзоиш ёбад.

Ёздаҳумин иҷлоси комиссиюни муштараки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва фаннии Эрону Тоҷикистон ба раёсати вазири нерӯи Эрон ва вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон, то фардо дар Теҳрон идома дорад.

Фардо дар маросими ихтитомияи ин иҷлос, Ёддошти тафоҳуме байни ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои энержӣ, омӯзиш ва парвариш, ҳамл ва нақл, иртиботот, омӯзишҳои фаннӣ ва тахассусӣ имзо хоҳад шуд.