Сентябр 28, 2021 17:23 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Баргузории размоиш дар марзҳои шимолиғарб як мавзӯи ҳокимиятӣ аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузури режими саҳюнистиро дар наздикии марзҳои худ таҳаммул нахоҳад кард.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Саид Хатибзода дар посух ба суоли хабарнигорон дар хусуси матолиби баёншуда аз сӯи раиси ҷумҳурии Озарбойҷон дар фазои расонаӣ изҳор дошт: Дар ҳоле ки равобити хубу муҳтарамонае миёни ду кишвар вуҷуд дорад ва масирҳои маъмули иртиботот миёни ду тараф дар болотарин сатҳ вуҷуд дорад, баёни он ба ин шева мояи тааҷҷуб аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: Дар ин замина ва мавзӯоти дигари муртабит бо он дар дидори ду вазири умури хориҷа дар ҳошияи нишасти ахири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ройзаниҳои ҷиддӣ ва дақиқе сурат гирифт ва тавофуқ шуд дар як бистари муносиб ин гуфтугӯҳо идома пайдо кунад.

Хатибзода дар идома хотирнишон сохт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора мухолифати худ бо ҳар гуна ишғоли сарзаминиро эълом дошта ва бар лузуми эҳтиром ба тамомияти арзии кишварҳо ва марзҳои шинохташудаи байналмилалӣ таъкид кардааст. Зимни он ки риояти ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамҷаворӣ аз муҳимтарин мавзӯоте аст, ки интизор меравад аз сӯи ҳамаи ҳамсоягон мавриди тавваҷуҳ қарор гирад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар хусуси размоиши анҷомшуда аз сӯи кишварамон дар манотиқи марзии шимолиғарб таъкид кард: Ин як мавзӯи ҳокимиятӣ аст ва барои оромишу суботи кулли минтақа анҷом мешавад, албатта равшан аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузури ҳар чанд намоишии режими саҳюнистӣ дар наздикии марзҳои худро таҳаммул нахоҳад кард ва дар ин робита ҳар иқдомеро, ки барои амнияти миллии худ лозим бидонад, анҷом хоҳад дод.

 

Бештар бихонед: