Суъуди таърихии тими миллии футболи бонувони Эрон ба Ҷоми миллатҳои Осиё
(last modified Wed, 29 Sep 2021 09:06:12 GMT )
Сентябр 29, 2021 14:06 Asia/Dushanbe

Тими миллии футболи бонувони Эрон муваффақ шуд бо бартарӣ муқобили Урдун ба Ҷоми миллатҳои Осиё суъуд кард.

Дар идомаи рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё, ки дар Тошканди Узбакистон дар ҳоли баргузорӣ аст, тими миллии футболи бонувони Эрон дар дуюмин дидори худ имрӯз муқобили Урдун қарор гирифт.

Шогирдони Эрондӯст баъд аз бартарӣ дар дидори нахуст муқобили Бангладеш, барои суъуд ба Ҷоми миллатҳои Осиё ба бартарӣ муқобили Урдун ниёз доштанд.

Бозикунони қрдунӣ ҳамалоти зиёде рӯйи дарвозаи Эрон доштанд, аммо бо дифои бозикунони Эрон ин мавқеиятҳо ба гол табдил нашуд то бозӣ дар вақтҳои маъмул бо тасовӣ бидуни гол ба поён бирасад.

Дар заработи пеналтӣ миллипӯшони Эрон 4 бар 2 Урдунро шикаст доданд то иҷозаи ҳузур дар Ҷоми миллатҳои Осиёро касб кунад.