Таъкиди Эрону Чин бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон
(last modified Thu, 30 Sep 2021 14:49:27 GMT )
Сентябр 30, 2021 19:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрону Чин бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Пекин ва мудири кулли Осиёи вазорати умӯри хориҷаи Чин ташкили давлати фарогирро дар Афғонистон хостор шуданд .

Ба гузориши имрӯзи ( панҷшанбе ) ИРНА, Муҳаммади Кишоварзода-сафири Эрон дар Пекин ва Лиуи Ҷейн Сунг-мудири кулли Осиёи вазорати умӯри хориҷаи Чин дар дидор бо якдигар гуфтанд,ки ташкили давлати фарогир дар Афғонистон муҷиби таҳаққуқи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мешавад .
Тарафайн ҳамчунин дар бораи охирин вазъияти ҳамкориҳои Эрону Чин дар заминаи минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодули назар карданд .
Гуруҳи Толибон, ки аз 15 август қудратро дар Афғонистон дар даст дорад  ҳафтуми сентябр асомии аъзои давлати муваққати худро муаррифӣ кард ва сипас кабинаи худро бо муаррифии чанд сарпарасти вазоратхонаҳои боқимонда ва муовинони ин вазоратхонаҳо такмил кард .
Кабинаи муаррифишуда аз сӯи Толибон интиқоди мухолифони дохилии Афғонистон, минтақаӣ ва ҷомеъаи байналмиллалиро ба дунбол доштааст. Аз назари мунтақидон таркиби кабинаи ҷадид бо ваъдаи Толибон дар хусӯси ташкили давлатии фарогир дар тазод аст .