Октябр 01, 2021 17:06 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Мӯсавӣ: Улгӯи Дифои Муқаддас метавонад мавонеи пеширӯи миллати Эронро бардорад

Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, улгӯи Дифои муқаддас метавонад мавонеи пеширӯи миллати Эронро бардорад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз, панҷшанбе дар ҳошияи боздид аз Пажӯҳишкадаи улуму маорифи Дифои муқаддас гуфт: Миллати Эрон дар Дифои муқаддас кишвареро, ки 100 дарсад вобаста ба бегонагон буд, ба як кишвари мустақил табдил кард.

Фармондеҳи кулли артиш афзуд: Ин улгӯ метавонад ҳамаи мавонеи бузургу хурд, ки пеши рӯи миллати Эрон қарор дорадро аз сари роҳ бардорад.

Амири сарлашкар Мусавӣ ҳамчунин гуфт: Ҳамосаи миллати Эрон дар ҳашт соли Дифои муқаддас нишонаест барои ҳамаи касоне, ки мехоҳанд бар арзишҳо биистанд ва дар ҷиҳати расидан ба ормонҳои азими инқилоби исломӣ ҳаракат кунанд.

 

Барчасп