Октябр 02, 2021 10:43 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон аз минтақаи зилзилазадаи Сисахт

Раиси ҷумҳӯрии Эрон аз минтақаи зилзилазадаи Сисахт дар шимолу ғарбии Ёсуҷ боздид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳӯрӣ асри ҷумъа дар идомаи барномаҳои сафар ба Куҳгилуя ва Буираҳмад дар ҷамъи мардуми минтақаи Сисахт бо ишора ба сафари худ ба унвони раиси қувваи қазоия ба ин минтақа пас аз вуқуъи зилзила гуфт : Вазъияти минтақа нисбат ба он замони тағйири зиёде кардаву раванди бозсозӣ ин умедро эҷод кардааст, ки бахши умдае аз мардум битавонанд қабл аз шурӯи фасли сармо ба хонаҳои навсози худ нақли макон кунанд .
Раиси ҷумҳӯр аз ҳиммат, пуштикор ва хадамоти неруҳои имдодӣ, басиҷу сипоҳ ва низ Бунёди маскани инқилоби исломӣ қадрдонӣ кард ва калиди яке аз воҳидҳои маскӯнии бозсозишударо ба шакли намодин ба молики он супурд .

 

Барчасп