Октябр 02, 2021 16:58 Asia/Dushanbe
  • Содироти беш аз 4.6  миллиард доллар колои ғайринафтӣ аз бандарҳои устони Бушеҳри Эрон

Раиси созмони санъат, маъдан ва тиҷорати устони Бушеҳри Эрон гуфт : Дар 6 моҳи нахусти имсол 12 миллиону 331 ҳазор тон колои ғайринафтӣ ба арзиши 4 миллиарду 630 миллион доллар аз тариқи гумрукҳо ва бандарҳои ин устон ба кишварҳои ҳадаф содир шуд.

Сайидҳусайни Ҳусайнӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд : Содироти ғайринафтии устони Бушеҳр дар 6 моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта ба тартиб аз назари арзишӣ 87 дарсад ва вазнӣ 15 дарсад афзоиш доштааст .
Вай баён кард : Асоси колоҳои содиротӣ аз тариқи гумрукҳои устони Бушеҳр шомили маҳсулоти кимиёвӣ,таркиботи газӣ, маводи маъданӣ, анвоъи обзиён ва сабзавоту кабутӣ будааст .
Ҳусайнӣ идома дод : 10 кишвари аввали мақсади содиротии колоҳои устони Бушеҳр ба тартиб шомили кишварҳои Чинмороти муттаҳидаи арабӣ, Туркия, Ҳинд, Покистон, Африқои ҷанубӣ, Бразилия, Қатар, Нигерия ва Афғонистон ҳастанд .
Вай изҳор дошт : Умедворем бо тадовуми раванди хуби муҳаққақшуда дар содироти 6 моҳи нахусти соли ҷорӣ бо бартараф шудани таҳримҳои золимона бандарҳои устони Бушеҳр ба равнақи беш аз пеши худ даст ёбанд.

 

Барчасп