Октябр 03, 2021 11:56 Asia/Dushanbe
  • Узвият дар паймони Шанхай ва эҷоди фурсати иртибот бо блокҳои қудратманди иқтисодӣ

Раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрон ва Тоҷикистон гуфт : Узвият дар паймони Шанхай фурсати иртибот бо блокҳои қудратманди иқтисодӣ аст

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  Муҳаммадҳусайни Рушанак бо ишора ба инки яке аз фойидаҳои узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай фурсати иртиботи кишвар бо блокҳои қудратманди иқтисодӣ дар ҷаҳон аст, гуфт : Ҳамкорӣ бо қудратҳои бузурги иқтисодӣ муҷиби рушду пешрафти иқтисоди кишвар хоҳад шуд.

Ӯ гуфт: Узвияти Эрон дар Ссозмони ҳамкориҳои Шанхай барои 70 дарсад аз саноеъи кишвар натоиҷи матлубе хоҳад дошт. Муҳаммадҳусайни Рушанак  дар хусӯси фоидаҳои ҳузури Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай изҳор кард : Яке аз фавойиди узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай  фурсати иртиботи кишвар бо блокҳои қудратманди иқтисодӣ дар ҷаҳон аст .

Вай афзуд : Узвияти Эрон дар паймони Шанхай рухдодҳои иқтисодии бисёр хуберо навид хоҳад дод ва умедворем музокироти Барҷом натоиҷи матлубе ба дунбол дошта бошад, FATF дар Эрон иҷро шавад ва банкҳои дохили кишвари рӯ ба байналмиллалӣ шудан ҳаракат кунанд, то битавонем бо иқтисоди дунё ҳамкории лозимро дошта бошем .
Раиси утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон дар хусуси таъсири ин паймон бар амнияти Афғонистон низ унвон кард : Ин паймон мӯҷиби афзоиши амният дар Афғонистон хоҳад шуд, зеро кишварҳои муҷовири Афғонистон аз ҷумлаи Ҳинд, Эрон, Тоҷикистон бо ин паймон ҳамкорӣ доранду ҳамкории кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо паймони Шанхай таъсироти матлубе дар ин кишвар дар асари ҳамсоягӣ хоҳад гузошт .

 


Бештар бихонед :

 

Барчасп