Тиллоитарин медали Ҳасани Яздонӣ ; поёни султаи Тейлор
(last modified Mon, 04 Oct 2021 05:20:44 GMT )
Октябр 04, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Тиллоитарин медали Ҳасани Яздонӣ ; поёни султаи Тейлор

Озодкори вазни 86 килограми Эрон дар муборизаи ниҳоии мусобиқоти куштии озоди қаҳрамонии ҷаҳони Тейлори амрикоиро шикаст дод

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Яздонӣ дар финали мусобиқоти куштии озоди қаҳрамонии ҷаҳон бо Дейвид Тейлор қаҳрамони олимпӣ ва ҷаҳон аз Амрико саршох шуд, ки дар ниҳоят бо натиҷаи 6 2 ҳарифи худро шикаст дод ва қаҳрамони ҷаҳон шуд .
Яздонӣ пас аз истироҳат дар даври нахуст дар даври дувум бо натиҷаи 12 бар 2 Азамат Давлатбеков аз Қазоқистонро мағлуб кард. Вай дар даври баъд ва дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ Атҳон Ромус аз Пуэрто-Рикоро бо натиҷаи 10 бар сифр аз пеши рӯй бардошт ва роҳии марҳилаи ниманиҳоӣ шуд . Вай дар ин марҳала бо натиҷаи 8 бар 2 аз садди Артур Нойфонов-дорандаи медали бринҷии олимпӣ ва ҷаҳон аз Русия гузашт ва роҳии дидори финал шуд .
Тейлор мурдоди имсол дар финали олимпии Токио муваффақ ба шикасти Ҳасани Яздонӣ шуд . Вай пеш аз он ҳам 2 мартабаи дигар дар ҷоми ҷаҳонии Кирмоншоҳ ва мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 низ муваффақ ба шикасти Ҳасани Яздонӣ шуда буд.