Роҳёбии дастаи миллии футболи навҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳонӣ
(last modified Sat, 12 Apr 2025 05:00:14 GMT )
Апрел 12, 2025 10:00 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии дастаи миллии футболи навҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳонӣ

Дастаи миллии футболи навҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳхат гирифт.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, шаби гузашта футболбозони навҷавони Тоҷикистон(зери 17 сол) бо ғалаба ба дастаи миллии Эрон ба ҳисоби 3 бар 1 ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд.

Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон дар ин бозӣ,ки дар шаҳри Ҷиддаи Арабистон баргузор шуд, Меҳрубон Одилзода(дақиқаи 13),Аҳмадҷон Шоев(52) ва Абдуллоҳ Иброҳимзода(89) ба самар расонданд.

Ба ин тартиб аъзои  дастаи миллии футболи навҷавонони Тоҷикистон сеюмин бор роҳии Ҷоми ҷаҳонӣ шуданд.Пеш аз ин онҳо дар давраҳои гузаштаи Ҷоми ҷаҳонӣ дар кишварҳои Кореяи ҷанубӣ(2007) ва Бразилия(2019) ширкат карданд.

Ҷоми ҷаҳонии ояндаи футболи навҷавонон моҳи ноябри имсол дар кишвари Қатар доир хоҳад шуд.