Октябр 05, 2021 17:25 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 216 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон имрӯз - сешанбе эълом кард, дар 24 соати гузашта 216 бемори Ковид - 19 фавт карданд, ки маҷмӯи фавтиҳо ба 121 ҳазору 563 нафар расид.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард, аз дирӯз то имрӯз ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 13 ҳазору 226 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба 5 миллиону 651 ҳазору 961 нафар расид.

Бар асоси ин гузориш, то кунун 5 миллиону 135 ҳазору 887 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо дар Эрон тархис шудаанд.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод, дар шабонарӯзи гузашта беш аз 898 ҳазор доза воксани корона дар кишвар тазриқ шудааст.

Вазорати беҳдошт эълом кард, то кунун 42 миллиону 449 ҳазору 726 нафар дозаи аввали воксани корона ва 17 миллиону 208 ҳазору 581 нафар низ дозаи дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи воксанҳои тазриқшуда дар Эрон ба 59 миллиону 658 ҳазору 307 доза расид.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп