Ҳавопаймои кумакҳои эҳдоии Эрон дар фурудгоҳи Кобул бар замин нишаст
(last modified 2021-10-05T13:12:13+00:00 )
Октябр 05, 2021 18:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳавопаймои кумакҳои эҳдоии Эрон дар фурудгоҳи Кобул бар замин нишаст

Ҳавопаймои кумаки эҳдоии Ҷумҳурии исломии Эрон ба мардуми Афғонистон дар фурудгоҳи Кобул бар замин нишаст ва ба мақомоти давлати муваққати Толибон супурда шуд.

Ба гузориши ИРНА, панҷумин маҳмулаи кумакҳои Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз (сешанбе) бо ҳузури кордори Сафорати Эрон дар фурудгоҳи Кобул ба мақомоти давлати муваққати Толибон таҳвил дода шуд.

Бино бар эъломи Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул, ин маҳмулаи маводи ғизоӣ ва беҳдоштӣ аз тарафи ҳайати Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон ба мақомоти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон таҳвил дода шуд то дар байни ниёзмандони ин кишвар тавзеъ шавад.

Рӯзи гузашта низ чаҳорумин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Эрон шомили маводи ғизоӣ ва беҳдоштӣ аз марзи заминии Дуғорун ба Афғонистон расид ва ба масъулони Толибон дар ин марз таҳвил дода шуд.

Маҳмулаи рӯзи гузашта 94 тон бо шаш дастгоҳи трейлерӣ ба Афғонистон мунтақил шуд.

Се маҳмулаи қаблии кумакҳои башардӯстонаи Эрон низ дар ҳафтаҳои гузашта байни мардуми Афғонистон тақсим шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора дар канори мардуми Афғонистон будаву тайи 40 соли гузашта аз ҳеч гуна кумак бо миллати Афғонистон дареғ накардааст.

 

Барчасп