Октябр 08, 2021 17:36 Asia/Dushanbe
  • Футболи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии Қатар: Эрон ҳамчунон берақиб

Идораи тимҳои миллии футболи Эрон ва Иморот дар чорчӯби сеюмин бозӣ аз марҳалаи ниҳоии интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022-и Қатар бо пирӯзии тими футболи Эрон ба поён расид.

Тими миллии футболи Эрон шаби панҷшанбе аз соати 20 : 15 дақиқа дар чорчӯби сеюмин дидор аз марҳалаи ниҳоии интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022- Қатар дар варзишгоҳи Заъбили Дубай миҳмони Иморот буд ва дар поён тими Эрон муваффақ шуд мизбони худро бо як гол шикаст диҳад.

Эрон бо ин натиҷа ба садри ҷадвали гуруҳи A боло рафт.

Дар дигар дидор аз гуруҳи A низ тими миллии футболи Кореяи Ҷанубӣ муваффақ шуд Сурияро бо натиҷаи ду бар як шикаст диҳад.

Тимҳои миллии футболи Ироқ ва Лубнон низ ба тасовӣ бидуни гол ризоят доданд.

Дар ҳоли ҳозир тими миллии футболи Эрон бо 9 имтиёз муқтадирона дар садри ҷадвали гуруҳ қарор гирифт.

Тими Кореяи Ҷанубӣ низ бо 7 имтиёз дар радаи дувум қарор дорад.

Тимҳои Иморот, Лубнон ва Ироқ бо ду имтиёз ба тартиб дар радаҳои сеюм, чаҳорум ва панҷуми ҷадвал қарор гирифтанд.

Тими Сурия низ бо як имтиёз дар қаъри ҷадвал қарор дорад.

Тими миллии футболи Эрон дар ҳафтаи чаҳоруми ин мусобиқот бояд мешанбеи оянда аз соати 17 аз Кореяи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон пазироӣ кунад.

 

Барчасп