Истиқболи густарда аз ғурфаи Эрон дар Намоишгоҳи китоби Бокӯ
Ғурфаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳафтумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Бокӯ бо намоиши бештарин осори марбут ба Низомии Ганҷавӣ мавриди тавваҷуҳи нависандагону фарҳехтагони ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳо қарор гирифт.
Ғурфаи Эрон бо 300 унвон китоб ва бештарин осор дар хусуси Низомии Ганҷавӣ, шоири баландовозаи эронӣ дар Намоишгоҳи китоби Бокӯ мавриди тавваҷуҳи нависандагону фарҳехтагони ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳо қарор гирифт.
Алӣ Аҳмадов, муовини нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон ва Онор Каримов, вазири фарҳанги ҷумҳурии Озарбойҷон, бо ҳузур дар ғурфаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон, аз китобҳои нафиси чопи Эрон боздид карданд ва дар ҷараёни ин боздид аз китоби “Ҳафт пайкар” ба забони туркии озарӣ низ рӯнамоӣ шуд.
Каримов дар боздид аз ғурфаи Эрон гуфт: Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон тааллуқоти бисёре доранд ва бояд аз ин фурсатҳои бузург барои наздик шудани бештар ба ҳам истифода кунем.
Дар ин намоишгоҳи 5 рӯза, ки дар маҳалли доимии Намоишгоҳҳои байналмилалии Экспо дар Бокӯ доир шудааст, ғурфаи Эрон бо бештарин осор дар хусуси Низомии Ганҷавӣ мавриди тавваҷуҳи нависандагону фарҳехтагони ҷумҳурии Озарбойҷон ва соири кишварҳо қарор гирифт.
Ҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Бокӯ бо ҳузури 164 ношири дохиливу хориҷӣ чаҳоршанбе (6 октябр) кушоиш ёфт.