Ду медали бринҷии гуштингирони эронӣ дар рақобатҳои гуштини юнонӣ-румии қаҳрамонии ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i75170-Ду_медали_бринҷии_гуштингирони_эронӣ_дар_рақобатҳои_гуштини_юнонӣ_румии_қаҳрамонии_ҷаҳон
Намояндагони вазнҳои 77 ва 82 килограми Эрон дар пайкорҳои гуштини юнонӣ-румии қаҳрамонии ҷаҳон дар Норвегия медали бринҷӣ гирифтанд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 09, 2021 10:15 Asia/Dushanbe
  • Ду медали бринҷии гуштингирони эронӣ дар рақобатҳои гуштини юнонӣ-румии қаҳрамонии ҷаҳон

Намояндагони вазнҳои 77 ва 82 килограми Эрон дар пайкорҳои гуштини юнонӣ-румии қаҳрамонии ҷаҳон дар Норвегия медали бринҷӣ гирифтанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадалӣ Гароӣ ва Пажмони Пуштомӣ-намояндагони вазнҳои 77 ва 82 килограми Эрон дар пайкорҳои гуштини юнонӣ-румии қаҳрамонии ҷаҳон дар Ослои Норвегияи дируз ( ҷумъа ) бо ғалаба бар ҳарифони худ медали бринҷӣ гирифтанд .

Муҳаммадҳодии Соравӣ ва Алиакбари Юсуфӣ низ имрӯз шанбе барои касби медали тилло дар финали 97 ва 130 килограм бояд ба масофи ҳарифони худ бираванд.
Миллипӯшони гуштини юнонӣ-румии Эрон  имрӯз шанбе низ дар идомаи рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон ва дар 3 вазни дигар дар шаҳри Ослои Норвегия ба майдон мераванд .