Октябр 09, 2021 11:22 Asia/Dushanbe
  • Вуруди як миллион дозаи воксани Баҳорот ба Эрон

Муовини фаннии гумруки Эрон аз вуруди як миллион дозаи воксани Баҳорот ба ин кишвар хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Меҳрдоди Ҷамоли Арванақӣ- муовини фаннии гумруки Эрон гуфт : Шасту сеюмин маҳмӯлаи воксани воридотии корона бомдоди имрӯз шанбе вориди кишвар шуд .
Муовини фаннии гумруки Эрон афзуд : Ин маҳмӯла шомили як миллион дозаи воксани Баҳоротҳдоии Ҳинд аз тариқи фурудгоҳи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ворид ва ба сурати яксара тархис шуд ва дар ихтиёри Вазорати беҳдошт қарор гирифт . Ҷамоли Арванақӣ ҳамчунин гуфт : Бо вуруди ин маҳмӯла омори воксанҳои воридотӣ ба Эрон аз 80 миллион доза гузашт .
Муовини фаннии гумруки Эрон хотирнишон кард : Пеш аз ин ҳам як маҳмӯлаи воксани Бҳорот ба мизони 125 ҳазор доза дар 20 исфанди 1399 вориди кишвар шуда буд .
Бинобар эъломи равобити умумии Вазорати беҳдошти Эрон то кунун 43 миллиону 953 ҳазору 106 нафар дозаи аввали воксани корона ва 18 миллиону 230 ҳазору 64 нафар низ дозаи дувумро тазриқ кардаанд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп