Октябр 10, 2021 10:12 Asia/Dushanbe
  • Сооравӣ нахустин тиллоии Эрон дар гуштини қаҳрамонии ҷаҳон

Гуштингири эронӣ ба медали тиллои вазни 97 килограми рақобатҳои гуштини юнонӣ-румии қаҳрамонии ҷаҳон расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҳодии Соравӣ дар шаҳри Ослои Норвегия муқобили Алекси Зука аз Маҷористон бо натиҷаи 3 бар як ба бартарӣ расид ва Эронро соҳиби нахустин медали нишони рақобатҳо кард .
Дар поёни мусобиқоти рӯзи сеюми гуштини юнонӣ-румии қаҳрамонии ҷаҳон Майсами Дилхонӣ ва Муҳаммадризо Гароӣ дар вазнҳои 63 ва 67 килограм ба дидори финал роҳ ёфтанд, ки барои касби медали тилло ( якшанбе ) ба масофи ҳарифони худ хоҳанд рафт .
Дидорҳои чаҳор вазни нахусти рақобатҳои гуштини юнонӣ-румии қаҳрамонии ҷаҳон рӯзҳои 15 ва 16 меҳрмоҳ дар шаҳри Ослои Норвегия баргузор шуд ва дар поёни Муҳаммадалии Гароӣ дар вазни 77 килограм ва Пажмони Пуштом дар вазни 82 килограм ба нишони бринҷӣ даст ёфтанд .

 

Барчасп