Адмирал Сайёрӣ : Бо ифтихор идомадиҳандаи роҳи шаҳидон ҳастем
Муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид : Бо ифтихор идомадиҳандаи роҳи шаҳидон ҳастем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, адмирал Ҳабибуллоҳи Сайёрӣ дар маросими таҷлил аз хонаводаҳои муъаззами шуҳадои дифои муқаддас ва мудофеъи саломати ситоди артиш гуфт : Баракати хуни шуҳадо зимни ҳифзи тамомияти арзии марзҳои кишвар тавони боздорандагӣ ва қудрати дифои неруҳои мусаллаҳро низ афзоиш додааст.
Адмирал Ҳабибуллоҳи Сайёрӣ афзуд : Идомадиҳандаи роҳи шуҳадо ҳастем ва танҳо бо идомаи ин роҳ метавонем аз дастовардҳои инқилоби исломӣ ва дифои муқаддас муҳофизат кунем .
Муовини ҳамоҳангкунандаи артиш гуфт : Шуҳадо санади ифтихори Эрони исломӣ ҳастанд ва бо гузар аз ҳамаи таъаллуқоти дунявӣ ва бо исори худ шарофат, озодӣ, иззати нафас ва каромати инсонӣ ва илоҳиро ба башарият ҳадя карданд ва роҳи онҳо ҳамчунон идома дорад .
Муовини ҳамоҳангкунандаи артиш шаҳодатталабӣ, исор ва азхудгузаштагии шуҳадову размандагонро яке аз муҳимтарин авомили пирӯзӣ дар ҷанги таҳмилӣ хонд ва гуфт : Қатъан фарҳанги ҳоким бар ҷавонон ва самараи хуни шуҳадо муҷиб шуда душманон ҷуръати таҷовуз ба ин обу хокро надошта бошанд ва дар сурати лузӯм ҷавонони ҳозир дар майдон бо таъсир аз ормонҳои шуҳадо пирӯзи майдон хоҳанд шуд.