Зариф: Мавзуи Фаластин масъалаи аслии ҷаҳони ислом аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i7534-Зариф_Мавзуи_Фаластин_масъалаи_аслии_ҷаҳони_ислом_аст
Вазири умури хориҷаи Эрон, мавзуи Фаластинро масъалаи аслии ҷаҳони ислом донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 08, 2016 17:51 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Эрон, мавзуи Фаластинро масъалаи аслии ҷаҳони ислом донист.

Ба иттилои идораи кулли дипломатии расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи сешанбе дар ҷамъи раҳбарони гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар Бейрут, пойтахти Лубнон гуфт: Фаластин меҳвари аслии сиёсати хориҷии Эрон аст ва ин сиёсат аз тарафи масъулони ҷумҳурии исломӣ бо ҷиддият дунбол мешавад.

Зариф бо баёни инки имрӯз режими саҳюнистӣ ва терроризми такфирӣ ду хатари умдае аст, ки минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳонро таҳдид мекунад, афзуд: Режими саҳюнистӣ бо дар ихтиёр доштани ҳадди ақал 200 кулоҳаки ҳастаӣ, иҷрои сиёсатҳои таҷовузкорона ва нақзи ҳамаи муқаррароти байналмилалӣ, хатарноктарин душмани ҳуқуқи башар аст ва дар шарорат ҳеч рақибе надорад.

Вазири умури хориҷаи Эрон хатари терроризми такфириро дуввумин хатар барои ҷомеаи башарӣ донист, ки дар минтақаи Ховари Миёна ва даргирӣ ва ҷанг ба по карда дар ҳоле, ки ҳеч гоҳ режими Исроилро таҳдид накардааст.

Зариф ҳамчунин гуфт, фоҷеаи инсонӣ дар Яман ва Сурия бояд бо оташбаси фаврӣ ва расондани кумакҳои башардӯстона ба ҳамаи мардуми Сурия ва Яман ва расидан ба роҳи ҳалли сиёсӣ поён ёбад ва мушкили ин ду кишвар роҳи ҳалле ҷуз роҳкори сиёсӣ надорад.

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе ҳамчунин дар ҷамъи дипломатҳо ва масъулони ниҳодҳои эронӣ дар Лубнон гуфт: Нақши Ҳизбуллоҳи Лубнон ва раҳбари муқовими он Саид Ҳасани Насруллоҳ баунвони сумбули муқовимат, муҷиби мубоҳот ва ифтихори минтақа аст.

Зариф шаби гузашта низ дар Бейрут бо Мишел Авн, раисҷумҳури ҷадиди Лубнон дидор кард ва интихоби ӯро ба ин симмат табрик гуфт.