Октябр 13, 2021 13:27 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон: Тарҳи иттиҳомоти дурӯғин алайҳи Эрон шеваи ҳамешагии саҳюнистҳо аст

Ройзани намояндагии доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал гуфт: Тарҳи иттиҳомоти дурӯғин ва сохтагӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон  шеваи ҳамешагии режими саҳюнистӣ барои пӯшондани ҷурму ҷиноёташ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин будааст.

Ҳайдаралӣ Балучӣ дар Кумитаи аввали Маҷмаи умумии Созмони Милал бо таъкид бар ин ки ҳеҷ дурӯғу буҳрони сохтагӣ моҳияти ҷинояткор, ҷангталаб ва тавсеаталаби режими саҳюнистиро наметавонад аз назари умумӣ махфӣ кунад, афзуд: Исроил ошкоро ҳуқуқи байналмилалро нақз карда, аз қатъномаҳои СММ сарпечӣ ва ҳуқуқи бунёдини мардуми Фаластинро зери по мегузорад.

Балучӣ дар идома ба буҳрони корона дар ҷаҳон ишора кард ва гуфт: Ҳатто дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо бемории корона даргир аст, Исроил аз ин фурсат барои идомаи тавсеаи манотиқи ишғолӣ ва шаҳраксозӣ барои тасбити ишғоли низомии соири манотиқи Фаластин сӯиистифода мекунад.

Ройзани намояндагии доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал ҳамчунин бо ишора ба сарпечии Исроил аз режимҳои байналмилалии нозир бар силоҳҳои куштори ҷамъӣ тасреҳ кард: Бо вуҷуди хости ҷомеаи байналмилал, Исроил на танҳо ба узвияти ҳеч кадом аз муоҳидоти марбута дарнаёмада, балки монеи умда бар сари роҳи эҷоди минтақа (Ховари Миёна) –и орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ ба ибтикори Эрон аст.

Балучӣ дар ин кумита таъкид кард, силоҳҳои куштори ҷамъии режими саҳюнистӣ ҷаддитарин таҳдиди амниятӣ барои ҳамаи кишварҳои минтақаву низоми адами ишоъа аст.

Ройзани намояндагии доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал дар поён бо баёни ин ки Исроил мекӯшад то тавонмандиҳои матаорифу барномаи ҳастаии сулҳомези Эронро, ки зери назорати комили Ожонси байналмилалии энержӣ атомӣ аст, ба унвони чолише барои суботи минтақа муаррифӣ кунад, афзуд: Ин як иқдоме мунофиқона барои дур кардани назарҳо аз хатари аслӣ алайҳи суботи минтақаӣ, махсусан зарродхонаи ҳастаӣ ва дигар таъсисоти ҳастаии ин режим аст, ки ба дур аз ҳар гуна назорати байналмилалӣ мебошанд.