Табрики оғози имомати имом Ҳасани Аскарӣ (а)
Пас аз шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а), набераи Паёмбар (с) дар ҳаштуми рабеъулаввали соли 260 ҳиҷрии қамарӣ, фарзанди эшон ҳазрати Меҳдӣ(а) ба имомат расиданд.
Хабари шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар саросари шаҳри Сомиро печиду мардум ба эҳтироми эшон азодорӣ карданд.
Ҳазрати Меҳдӣ (а) баъд аз намозхондан бар пайкари падари бузургворашон, ба изни Худованд аз назарҳо пинҳон шуданд. Аз ин замон буд, ки даврони ғайбати аввалияи ҳазрати Меҳдӣ(а) оғоз шуд, ки ба ғайбати суғро маърӯф аст.
Даврони ғайбати суғрои ҳазрати Меҳдӣ(а) аз соли 260 ҳиҷрии қамарӣ оғоз шуд ва то соли 329 ҳиҷрии қамарӣ идома дошт.
Ҳазрати Меҳдӣ(а) дар ин айём ба воситаи наввоби хоссаи худ бо мардум дар иртибот буданд то онки дар соли 329 ҳиҷрии қамарӣ, дигар намояндаи мустақиме муаррифӣ накарданду ғайбати тӯлонии эшон оғоз шуд.
Далоили ғайбати ҳазрати Меҳдӣ(а) бар асоси ривоёт, эҳтимоли террори эшон, набудани байъате бар ӯҳдаи он ҳазрат ва озмоиш шудани пайравон унвон шудааст.
Ҳамаи адёни илоҳӣ ояндаи башарро равшану ҳамроҳ бо сулҳ, сафо, оромиш, амнияту густариши адолат медонанд, ояндае, ки бо зуҳӯри имом Меҳдӣ(а), аҳли ботилу зулму ситам нобуд мешаванду адолат фарогир мешавад.
Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, оғози имомати имом Меҳдӣ(а)-ро ба ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.