Октябр 16, 2021 12:23 Asia/Dushanbe
  • Рушди 48 дарсадии содироти фулоди Эрон

Баррасии оморҳои тиҷорати хориҷии Эрон нишон медиҳад, содироти фулоди рушди 48 дарсадӣ доштааст.

Ба гузориши ИРНА, баррасии оморҳои тиҷорати хориҷии Эрон нишон медиҳад, ширкатҳои бузурги фулодии Эрон муваффақ шуданд бо содироти се миллиону 811 ҳазору  617 тон фӯлод аз ибтидои имсол (марти 2021) то поёни  сентябри 2021, рушде 48 дарсадӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта ба сабт расонанд.

Баррасии амалкарди ширкатҳои Фулоди Муборака, Зубоҳани Исфаҳон, Фӯлоди Хузистон, Фулоди Ҳурмузгон, Фулоди Озарбойҷон, Фулоди Хуросон, Фулоди Коваи Ҷанубва дигар ширкатҳо дар 6 моҳаи нахусти имсол,  таъйидкунандаи ин оморҳост, ки бо содироти анвоъи маҳсули фулодӣ ҳосил шудааст.

Баррасити оморҳои тиҷорати хориҷӣ дар панҷ моҳаи ибтидои имсол, низ ҳокӣ аз содироти панҷмиллиарду 88 миллиондолларии маҳсӯлоти бахши маъдану саноати маъданист.

Оморе, ки дар ҳамсанҷӣ бо соли гузашта, рушди 126 дарсадӣ нишон медиҳад.

Эрон дорои 68 навъ аз анвоъи мухталифи мавод маъданист.

Захоири исбот шудаи санги оҳани Эрон ба миқдори 7/2 миллиард тон (ҳаштдаҳуми дарсади кулли захоири ҷаҳон) ва захоири санги маъдани мис ба миқдори 6/2 миллиард тон (чаҳор даҳуми дарсад аз захоири ҷаҳонӣ)аст.

Эрон ҳамчунин дорои 11 миллион тон рӯй(қалъагӣ), (чаҳор дарсад аз захоири ҷаҳонӣ) аст.

Кулли захоири исботшудаи маодини Эрон, дар ҳудӯди 60 миллиард тон баровард шуда, ки бо иҷрои авлавияти нахусти иктишофӣ дар Эрон дар густарае ба масоҳати 500 ҳазор километри мураббаъ, интизор меравад ба беш аз 100 миллиард тон бирасад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп