Октябр 17, 2021 12:27 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 6 миллион дозаи воксани корона ба Эрон

Раиси ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон аз вуруди 6 миллион дозаи воксани корона ба кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Карими Ҳимматӣ-раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон гуфт : Бисту ҳафтумин маҳмӯлаи воксани корона, дорои 6 миллион дозаи воксан, имрӯз якшанбе дар фурудгоҳи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба вазорати беҳдошт таҳвил дода шуд.

Раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон афзуд : Беш аз 76 миллион дозаи воксанро ҳилоли аҳмар ба кишвар ворид кардааст.

Ба гуфтаи раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон назми бавуҷудомада барои тадовуми воридоти воксан ҳосили ҳамкории чандҷонибаи дастгоҳҳои масъӯл дар ин ҳавза дар канори назорату тадбири бардавоми давлат аст, ки мӯҷиб шуд дар як ҳафтаи гузаштаи Ҷамъияти ҳилоли аҳмар 4 маҳмӯла ба мизони 24 миллион дозаи воксани коронаи вориди кишвар кунад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп