Таъкиди вазири умури хориҷаи Эрон бар аҳамияти густариши забони форсӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i75762-Таъкиди_вазири_умури_хориҷаи_Эрон_бар_аҳамияти_густариши_забони_форсӣ
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо мудур ва масъулони Бунёди Саъдӣ, бар аҳамияти густариши забони форсӣ таъкид кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Октябр 20, 2021 14:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири умури хориҷаи Эрон бар аҳамияти густариши забони форсӣ

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо мудур ва масъулони Бунёди Саъдӣ, бар аҳамияти густариши забони форсӣ таъкид кард.

Ба гузориши идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, мудири Бунёди Саъдӣ ва бархе аз масъулони ин бунёд, бар аҳамияти густариши забони форсӣ дар хориҷ аз кишвар ба унвони яке аз муаллафаҳои аслии иқтидори тамаддунии Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард.

Амирабдуллоҳиён дар дидор бо Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил дар ҷараёни охирин вазъияти фаъолиятҳои густардаи Бунёди Саъдӣ дар ҳавзаи густариши забони форсӣ дар хориҷ аз кишвар қарор гирифт ва дар бораи барномаҳои қобили иҷро дар ин ҳавза ба баҳсу табодули назар пардохт.