Ёздаҳумин Ҳамоиши миллии Абулфазли Байҳақӣ
Ёздаҳумин ҳамоиши миллии Абулфазли Байҳақӣ баргузор мешавад.
Ёздаҳумин Ҳамоиши миллии Абулфазли Байҳақӣ, нависандаи таърихи Байҳақӣ дар ду меҳвари илмӣ – пажӯҳишӣ ва бахши умумии ҳамзамон бо Рӯзи миллии бузургдошти падари Насри форсӣ барои нахустин бор аз якуми обони 1400 ба муддати як моҳ ва дар қолаби «моҳи Байҳақӣ» баргузор хоҳад шуд.
Маросими ифтитоҳия шанбеи аввали обони 1400 соати 10 то 12 ба сӯрати ҳузурӣ ва маҷозӣ, бо паёми яке аз масъӯлони фарҳангии олирутбаи кишварӣ ва бо ҳузури теъдоди маҳдӯде аз пажӯҳишгарони эронӣ ва сафири кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва ройзанҳои фарҳангии сафорати ин кишварҳо баргузор хоҳад шуд.
Профессор Саидҳасани Амин, файласуф, ҳуқӯқдон ва адиби эронӣ ва набераи Амини Ал Шариаи Сабзиворӣ аз машоҳири уламо ва адибони даврони Қоҷория, дар ин маросим суханронӣ хоҳад кард.
Ҳамчунин суханрони дигари ифтитоҳия Муҳаммадҷаъфари Ёҳқӣ, пажӯҳишгар, нависанда ва устоди забону адабиёти форсӣ хоҳад буд.
Маҳёри Алавӣ Мақддам, дабири ин ҳамоиш дар гуфтугӯ бо расонаҳо гуфт, дар ин давра барои нахустин бор бузургдошти Байҳақӣ тайи як моҳ ва дар қолаби «моҳи Байҳақӣ» баргузор мешавад.
Ваё афзуд, баргузории 9 нишасти илмӣ - пажӯҳишӣ ( дар фазои маҷозӣ) аз аввали обон то аввали озари 1400 ва суханронии дасткам 18 Байҳақипежу дар ин нишастҳо ва байҳақихонӣ ва намоишномахонӣ дар шанбеҳои Байҳақӣ, аз ҷумлаи барномаҳои «моҳи Байҳақӣ» хоҳад буд.
Ихтитомияи ҳамоиш бо ҳузури шуморе аз пажӯҳишгарони эронӣ ва масъӯлони фарҳангӣ ва шуморе аз кишварҳои ҳамсояи ҳамзабон дар “Боғи эронӣ”, дар канори тандиси Абулфазли Байҳақӣ ва Ҳаким Фирдавсӣ баргузор мешавад.