Оғози даҳумин размоиши иқтидори ҳавоии Фидоиёни ҳарими вилоят
(last modified Thu, 21 Oct 2021 09:07:43 GMT )
Октябр 21, 2021 14:07 Asia/Dushanbe
  • Оғози даҳумин размоиши иқтидори ҳавоии Фидоиёни ҳарими вилоят

Марҳалаи аслӣ ва амлиётии даҳумин размоиши иқтидори ҳавои Фидоиёни ҳарими вилоят, бо рамзи муқаддаси «Ё Муҳаммад Расулуллоҳ (с) » бо ҳузури густардаи пойгоҳҳои нерӯи ҳавои артиш оғоз шуд.

Марҳалаи аслӣ ва амлиётии даҳумин размоиши иқтидори ҳавои Фидоиёни ҳарими вилоят, бо рамзи муқаддаси «Ё Муҳаммад Расулуллоҳ (с) » бо ҳузури густардаи пойгоҳҳои нерӯи ҳавои артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд.

Марҳалаи аслӣ ва амлиётии даҳумин размоиши иқтидори ҳавоии Фидоиёон ҳарими вилояти нерӯҳои артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, бо ҳузури генерал Саидабдураҳими Мӯсавӣ, фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси дафтари фармондеҳии муъаззами кулли қуво, ҷонишини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва ҷамъе аз фармондеҳон ва масъӯлони қароргоҳи марказии Хотамуланбё (с) ва Ситоди кули неруҳои мусаллаҳ , бо ширкати густардаи ҳавопаймоҳои бо сарнишин ва бидӯни сарнишини неруии ҳавои артиш оғоз шуд.

Генерал Меҳдии Ҳодиён, ҷонишини нерӯи ҳавоии артиш дар мавриди ин размоиш гуфт, ин размоиш дар густарае ба вусъати кулли кишвар баргузор мешавад.

Вай афзуд, ин размоиш ба манзури инъикоси бахше аз қобилиятҳо ва тавони размии нерӯи ҳавоии артиш ҳамзамон бо касби омодагиҳои лозиму касби улгӯи муносиб ҷиҳати набард дар шароити воқеӣ иҷро мешавад.

Ба гуфтаи ҷонишини нерӯи ҳавоии артиш, дар ин размоиш аз анвоъи сомонаҳо ва таслеҳоти бумӣ ва иртиқо ёфта ба дасти мутахассисони вазорати дифо ва ҷиҳоди худкафоии нерӯи ҳавоии артиш низ истифода мешавад.