Вокуниши Эрон ба интихоби Доналд Трамп
Мақомҳои эронӣ эълом карданд, интихоби Трамп таъсире ба сиёсатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон надорад ва Амрико бояд тааҳҳудоти худро дар БАРҶОМ иҷро кунад.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Ҳасани Руҳонӣ - раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон гуфт: Мавзеи мо фақат аз хост ва иродаи мардуми Эрон асар мепазирад ва бо тағйирот дар давлатҳои хориҷӣ тағйир намекунад.
Руҳонӣ афзуд: Мавқеияти Амрико дар ҷомеаи байналмилалӣ ва афкори умумии ҷаҳон ба далели сиёсатҳои ғалат, заиф шуда ва фосилаи бештар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Аврупо ба ин мавқеият, бештар зарба хоҳад зад.
Руҳонӣ таъкид кард, ҳушмандии Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ ин буд, ки БАРҶОМ-ро на ба унвони тавофуқ бо як кишвар ё як давлат, балки ба унвони як қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасбит кард, ки бо тасмими як давлат, қобили тағйир нест.
Муҳаммадҷаводи Зариф – вазири умури хориҷаи Эрон низ дар Руминия дар вокуниш ба эъломи натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико гуфт: Эрон ва Амрико равобити сиёсӣ надоранд, аммо Амрико бояд ончиро ба унвони тааҳҳуди байналамилалии чандҷониба дар БАРҶОМ пазируфтааст, иҷро кунад.
Баҳроми Қосимӣ - сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ дар вокуниш ба эъломи натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико гуфт: Ончи барои мардуми Эрон муҳим ва қобили эътино аст ва меъёри арзёбии онҳо хоҳад буд, амалкард ва сиёсатҳои иҷроии давлати ояндаи Амрико аст.
Алии Шамхонӣ - дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ натиҷаи интихоботи Амрикоро бар сиёсатҳо ва иқдомоти Эрон бетаъсир донист ва гуфт: Усулан ҳаракати мустақил ва рафтори ҳушмандонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, хилофи баъзе кишварҳои минтақа, ҳеҷ гоҳ мутаассир аз тағйири ҳокимият дар дигар кишварҳо набуда ва сиёсати “на шарқӣ ва на ғарбии” Эрон бо пуштивонаи ҳимояти мардумӣ ва такя ба зарфиятҳои дохилӣ, масири равшани худро бар асоси ҳикмат, иззат ва маслиҳат тай хоҳад кард.