Мувофиқати Раҳбари инқилоб бо афв ё тахфифи муҷозоти бархе маҳкумон
(last modified Sun, 24 Oct 2021 12:50:17 GMT )
Октябр 24, 2021 17:50 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари инқилоб бо афв ё тахфифи муҷозоти бархе маҳкумон

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо афв ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон мувофиқат карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муъаззами раҳбарӣ, Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба муносибати мелоди Паёмбари аъзам ( с ) ва Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ ) бо афв ё тахфифи муҷозоти се ҳазору чаҳорсаду панҷоҳу ҳашт тан аз маҳкумони маҳокими умумӣ ва инқилоб, Созмони қазоии неруҳои мусаллаҳ ва таъзироти ҳукуматӣ мувофиқат карданд.
Ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Муҳсинии Эжаӣ, раиси қувваи қазоия ба муносибати мелоди Паёмбари аъзам ( с ) ва Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ ) таи номае ба Раҳбари инқилоби исломӣ пешниҳоди афв ё тахфифу табдили муҷозоти маҳкумонеро, ки дар Комиссиюни марказии афву бахшудагӣ, дорои шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 аз асли 110 Қонӯни Асосӣ мавриди мувофиқати Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ қарор гирифт.



Бештар бихонед :