Октябр 25, 2021 16:27 Asia/Dushanbe
  • Дидори умедҳои футболи Эрону Непал, имрӯз дар Тоҷикистон

Тими миллии футболи Умеди Эрон имрӯз аз соъати 14 : 30 ба вақти Теҳрон дар аввалин дидор аз мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё дар Тоҷикистон ба масофи Непал меравад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, тими миллии футболи Умеди Эрон бо ҳидояти Маҳдии Маҳдавикиё ба таври расмӣ аз имрӯз кори худро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё оғоз хоҳад кард ва дар аввалин бозии худ дар кишвари Тоҷикистон, ба масофи тим на чандон қудратманди Непал меравад, ки аз соъати 14 : 30 дар варзишгоҳи миллии Душанбе оғоз шуд .
Тими миллии зери 23 соли Эрон дар даври муқаддамотӣ бо тимҳои Тоҷикистон, Лубнон ва Непал дар гуруҳи B қаҳрамонии Осиё ҳузур дорад . Ин мусобиқот дар 11 гуруҳ баргузор мешавад, ки 11 тими садрнишин ба ҳамроҳи « 4 тими бартари дувум » ба ҳамроҳи Узбекистон ( мизбон ) дар хурдоди 1401 дар мусобиқоти ниҳоӣ ширкат хоҳанд кард .
Умедҳои Эрон дар идомаи ин мусобиқот ба тартиб дар рӯзҳои 6 ва 9 обон бо Лубнону Тоҷикистон барои садрнишинӣ тақобул хоҳанд кард, ки дидорҳои ба маротиб сахттаре ба нисбати дидор бо Непал маҳсӯб мешавад ва муваффақият дар ин ду дидор, тазминкунандаи суъӯди шогирдони Маҳдавикиё ба мусобиқоти ниҳоӣ хоҳад кард . Албатта ин мусобиқот ба манзалаи интихобии олимпӣ нест ва шогирдони Маҳдавикиё ду сол баъд дар мусобиқоти муқаддамотӣ ва сипас дар мусобиқоти ниҳоӣ барои суъӯд ба олимпии 2024 Порис талош хоҳанд кард, то ба тилисми нокомии Эрон дар суъӯд ба олимпӣ баъд аз 48 сол хотима диҳанд ва ба олимпии Фаронса суъӯд кунанд . Тими миллии Умеди Эрон аз ҳудуди яку ним моҳи гузашта кори худро бо мураббигарии Маҳдии Маҳдавикиё ва ҳузури чаҳор дастёри хориҷӣ оғоз карда ва аз ҳамакнун дар ҳоли омодасозӣ барои се соли оянда ва ҳузур дар мусобиқоти интихобии олимпӣ аст .
Барномаи бозиҳои тими миллии Умед ба ин шарҳ аст :

Душанбе 25 октябр

Эрон - Непал соъати 16 ба вақти маҳаллӣ ( 14 : 30 ба вақти Теҳрон ) - стадиони Душанбе

Панҷшанбе 28 октябр

Лубнон – Эрон  соъати 16 ба вақти маҳаллӣ ( 14 : 30 ба вақти Теҳрон ) - стадиони Душанбе

Якшанбеи 31 октябр

Эрон - Тоҷикстон соъати 19 ба вақти маҳаллӣ ( 17 : 30 ба вақти Теҳрон ) – стадиони Душанбе
Амалкарди тими миллии умеди Эрон дар давраи гузашта
Давраи гузаштаи ин мусобиқот дар 2019 баргузор шуд, ки тими миллӣ бо ҳидояти Ҳамиди Истилӣ роҳии мусобиқоти интихобии олимпӣ шуд, аммо дар ҳамон марҳилаи гуруҳии мусобиқот ҳазф шуд ва натавонист ба марҳалаи ҳазфӣ суъуд кунад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп