Октябр 27, 2021 12:15 Asia/Dushanbe
  • Фасли ҷадиде дар равобити Эрону Тоҷикистон оғоз шудааст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Теҳрон бо баёни ин ки ду кишвар ва ду миллат аз иштирокоти таърихӣ, динӣ ва фарҳангии амиқе бархӯрдор ҳастанд, изҳор дошт: Бояд аз ин зарфиятҳо барои таҳкиму тақвияти равобиту ҳамкории наздиктару густардатар истифода шавад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ дар ин дидор ба сафари ахири худ ба Тоҷикистон ишора кард ва гуфт: Дар сафари ахир фасли ҷадиде дар равобити дуҷониба оғоз шуд, ки бояд аз ин фурсат дар ростои манофеи ду миллат истифода кунем.

Раиси Ҷумҳури исломии Эрон дар идома бо ишора ба аҳамияти ҳамкории кишварҳои ҳамсоя, ба вижа Эрон ва Тоҷикистон барои эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон изҳор дошт, ба дунболи ташкили давлати фарогир, муташаккил аз ҳамаи ақвому гуруҳҳои сиёсии афғонистонӣ ҳастем.

Раисӣ афзуд, бояд давлати фарогире дар Афғонистон вуҷуд дошта бошад, ки битавонад амнияти ин кишварро тазмин кунад ва ба ҷангу хунрезӣ ва бародаркушӣ хотима диҳад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон хотирнишон кард, ҳаводиси террористӣ дар Афғонистон дили ҳар инсонеро ба дард меовараду тардиде вуҷуд надорад, ки амрикоиҳо дар ин гуна ҳаводис даст доранд ва намехоҳанд мардуми Афғонистон ба оромиш ва амният барасанд.

Раисӣ дар поён ибрози умедворӣ кард, нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд, битавонад ба ҳамоҳангӣ ва гуфтумони муштараке дар шаклгирии давлате фарогир дар ин кишвар бианҷомад.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин дидор сафари оятуллоҳ Раисӣ ба кишварашро оғози фасли навине дар равобити ду кишвар тавсиф кард ва гуфт: Мусаммам ҳастем сатҳи равобиту ҳамкориҳо бо Теҳронро ҳар чи бештар афзоиш диҳем ва тавофуқоти суратгирифтаро амалӣ ва ниҳоӣ кунем.

Сироҷиддини Муҳриддин афзуд, Тоҷикистон бовар дорад узвияти доими Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай осору баракоти фаровоне дорад ва ба таъмини сулҳу субот дар минтақа кумак мекунад.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин бо ишора ба нигарониҳои Тоҷикистон дар бораи авзои Афғонистон гуфт: Дар Афғонистон бояд давлате рӯйи кор бияёд, ки ба ҳамаи ақвому мардуми Афғонистон эҳтиром бигузорад.