Тавофуқи Эрон бо Тоҷикистон барои афзоиши судӯри хадамоти фаннӣ - муҳандисӣ
(last modified Thu, 28 Oct 2021 09:45:58 GMT )
Октябр 28, 2021 14:45 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон бо Тоҷикистон барои афзоиши судӯри хадамоти фаннӣ - муҳандисӣ

Вазири нерӯи Эрон гуфт, Теҳрону Душанбе барои афзоиши судӯри хадамоти фаннӣ - муҳандисӣ тавофуқ кардаанд.

Алиакбари Меҳробиён пас аз дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни инки вазорати нерӯ ба унвони раиси Комиссиюни муштараки ҳамкориҳо байни Эрону Тоҷикистон фаъолият ва масоили иқтисод байни ду кишварро пайгирӣ ва баррасӣ мекунад, афзуд, дар заминаи судӯри хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ бо Тоҷикистон ҳамкориҳои хубе дорем ва тибқи ин ҷаласа муқарар шуд ин ҳамкориҳо тавсеа ёбад.

Вазири нерӯи Эрон бо баёни инки савобиқи бисёр хубе байни Эрону Тоҷикистон дар заминаи эҳдоси нерӯгоҳи барқи обӣ вуҷӯд дорад, хотирнишон кард, нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” тавассути Эрон дар кишвари Тоҷикистон иҷро шуда ва дар ҳоли ҳозири ҳам кишвари Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба вуҷӯди манобеи ғании оби рӯдхонаҳои ҷорӣ ва хурушон дар ин кишвари кӯҳистонӣ, барномаҳои ҷиддӣ барои тавсеаи нерӯгоҳҳои барқ обӣ дорад, ки дар ин хусӯс тавофуқоте дар заминаи фаъолияти бештари ширкатҳои эронӣ дар он кишвар сӯрат гирифтааст.

Меҳробиён бо ишора ба фаъолиятҳои иқтисодии ду кишвар низ ёдовар шуд, дар ин дидор қарор бар афзоиши мубодилот бар асоси таъкиди раисони ҷумҳурии ду кишвар шуд, ки умедворем бо рӯйкарди кунӯнии Эрону Тоҷикистон дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, шоҳиди афзоиши сатҳи равобит бошем.