Тавлиди доруи гиёҳии эронӣ барои дармони простата
Порс-Тудей. Муҳаққиқони як ширкати донишбунёни эронӣ муваффақ ба сохти доруи гиёҳӣ барои дармони ҳойперплозии хушхими пурустот (BPH-простата ё ғадуди пешистод) шуданд, ки ба зудӣ вориди бозор мешавад.
“Ҳойперплозии хушхими пурустот” яке аз роиҷтарин мушкилоти мардони болои 50 сол аст, ки боиси такаррури идрор, дард ҳангоми дафъу коҳиши ҷараён идрор (пешоб) мешавад.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Ирна, Алиасғари Соидӣ, мудири ширкати донишбунёни эронӣ гуфт, доруи тавлидӣ ҳовии таркиботи муассири гиёҳӣ, шомили кадуи тиббӣ (Cucurbita pepo), гардаи нахл (Palm Pollen), ба ҳамроҳи витаминҳои E ва C ва маводи маъдание монанди силниум ва зинк аст, ки илова бар дармони BPH, ба тақвияти борварӣ ва саломати ҷинсӣ низ кумак мекунад.
Ба гуфтаи Соидӣ, ин доруи гиёҳӣ, ки ҳосили солҳо таҳқиқу тавсеа бар пояи таркиботи муассири гиёҳӣ аст, метавонад ҷойгузини муносибе барои доруҳои кимиёӣ (химиявӣ) бо аворизи ҷонибии фаровон бошад.
Ин фаъоли ҳавзаи гиёҳони дорӯӣ афзуд, мазияти аслии ин дору нисбат ба намунаҳои кимиёӣ, надоштани аворизи ҷонибие монанди коҳиши майли ҷинсӣ, саргиҷа ва уфти фишори хун аст, ки маъмулан дар масрафи тӯлонимуддати доруҳои кимиёӣ мушоҳида мешавад.
Бар асоси мутолеоти анҷомшуда, ин дору бо коҳиши ҳаҷми ғуддаи пурустот ва беҳбуди амалкарди системаи идрорӣ, метавонад кайфияти зиндагии беморонро ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш диҳад.