Мақоми фаластинӣ: Сарнавишти мардуми Фаластин бояд ба дасти худашон таъйин шавад
-
Алӣ Файсал, раиси ҳайати порлумонии Фаластин дар нишасти Кумитаи Фаластини Маҷмаи маҷолиси Осиёӣ
Порс-Тудей. Раиси ҳайати порлумонии Фаластин дар нишасти Кумитаи APA гуфт: Таъйини сарнавишти мардуми Фаластин тавассути худашон ва бидуни қаймумият, ҳимоят аз дифои машруи фаластиниён ва барпоии давлати Фаластину ҳамоҳангии муштарак барои ноком гузоштани тарҳи ба истилоҳ “Исроили бузург” дар Ғарби Осиё, аз масоиле аст, ки бояд мавриди тавваҷуҳ қарор бигирад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Алӣ Файсал, раиси ҳайати порлумонии Фаластин дар нишасти Кумитаи Фаластини Маҷмаи маҷолиси Осиёӣ (APA), ки дар Машҳад баргузор шуд, бар зарурати таъйини сарнавишти мардуми Фаластин тавассути худи онон ва бидуни ҳар гуна сарпарастии хориҷӣ таъкид кард.
Файсал бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари таҷовузҳову иқдомоти хушунатомези режими саҳюнистӣ, вазъияти буҳронии Ғаззаро ташреҳ карду гуфт: Дар ду соли гузашта беш аз 70 ҳазор шаҳид ва 170 ҳазор маҷруҳ дар натиҷаи ҳамалоти саҳюнистҳо барҷой монда ва 90 дарсади Ғазза тахриб шудааст.
Ин мақоми фаластинӣ бо ишора ба ишғоли рустоҳои зиёде дар Каронаи Бохтарӣ, ҳадафи режими саҳюнистиро эҷоди фосила миёни мардуми ин манотиқ ва Ғазза ва заминасозӣ барои Рӯзи накбати ҷадид донист ва таъкид кард, ки муқовимати мардуми Фаластин ва миллатҳои минтақа барои дифоъ аз сарзамини худ, бахше аз талош барои ҳифзи амнияти минтақа аст.
Ба гуфтаи раиси ҳайати порлумонии Фаластин дар нишасти Кумитаи Фаластини Маҷмаи маҷолиси Осиёӣ (APA), оташбаси ахир дар Ғазза бо ҳимояти кишварҳои мухталиф пазируфта шуд то аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ ҷилавгирӣ шавад, аммо режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба нақзи он идома медиҳад.
Файсал ҳамчунин ба ҳамалоти саҳюнистҳо ба хонаҳои мардум дар Каронаи Бохтарӣ, баста мондани гузаргоҳи Рафаҳ ва таарруз ба амокини муқаддаси мусулмонону масеҳиён ишора карду гуфт: Ин режим ҳатто кишварҳоеро, ки дар канори мардуми Фаластин меистанд, ҳадаф қарор медиҳад.
Алӣ Файсал дар поён бар лузуми ҳимоят аз дифои машруи фаластиниён, ташкили давлати мустақили Фаластин, муқобила бо тарҳи “Исроили бузург” ва пайгирии тасмимоти Девони Байналмилалии Додгустарӣ алайҳи сарони режими саҳюнистӣ таъкид кард ва хостори талоши ҷаҳонӣ барои инзивои ин режими ишғолгар шуд.