Дарёдор Эронӣ: Нерӯи дарёӣ нақши ҳаётӣ дар амнияти миллӣ ифо кардааст
-
Амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
Порс-Тудей. Фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Аз тангаи Ҳурмуз то шимоли халиҷи Форс, неруи дарёӣ бо ҳузури фаъолу сомонаҳои фармондеҳии пешрафта, нақши ҳаётӣ дар амнияти миллии Эрон ифо кардааст.
Амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа гуфт: Нерӯи дарёии Эрон имрӯз дар ҷаҳон як неруи ҳаётӣ ва таъйинкунанда аст ва ин ҷойгоҳ бо амалиётҳои бурунмарзӣ, аз ҷумла гуруҳи 86 ва сомонаи фармондеҳӣ дар солҳои ахир ба даст омадааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, дарёдор Эронӣ афзуд: Ҳузури муваффақи ҳамразмону фармондеҳон дар суфуфи мухталиф, ҷойгоҳи Эронро дар байни неруҳои мусаллаҳ иртиқо дода ва ба баракати хуни шуҳадои азизу ҳимояти инқилоб ҳосил шудааст.
Фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Эрон ба нақши Донишгоҳи дарёӣ дар тарбияти неруҳои мутахассис ишора карду афзуд: Донишгоҳи дарёӣ бо омӯзишҳои илмиву амалӣ, масири муваффақияту пешрафтро барои ҷавонон ҳамвор кардаву донишҷӯён имрӯзи масъӯлияти сангини дифоъ аз Эронро бо ифтихор бар дӯш хоҳанд кашид.