Муқовимати Фаластин: Сарнавишти Ёсир Абушабоб ҳушдоре ба муздурон Исроил аст
-
Муқовимати Фаластин: Сарнавишти Ёсир Абушубоб ҳушдоре ба муздурон Исроил аст
Порс-Тудей. Муқовимати Фаластин бо судури баёнияе эълом кард, ки кушта шудани Ёсир Абушабоб, саркардаи муздурони таҳти амри режими саҳюнистӣ паёме равшан барои ҳар фарде аст, ки ба ҳамкорӣ бо дастгоҳи амниятии ин режим рӯй меоварад.
Кумитаҳои муқовимати Фаластин бо судури баёнияе эълом кард, ки кушта шудани Ёсир Абушабоб, саркардаи муздурони таҳти амри режими саҳюнистӣ паёме равшан барои ҳар фарде аст, ки ба ҳамкорӣ бо дастгоҳи амниятии ин режим рӯй меоварад.
Дар ин баёния омадааст, ки кушта шудани Абушабоб дар минтақае таҳти контроли артиши режими ишғолгар, нишондиҳандаи нотавонӣ ва шикасти комили ин режим дар ҳифзи ҷони муздурони худ аст.
Кумитаҳои муқовимат баён кард, муқовимат ҳамчунон сипари муҳофизи миллату сохтори иҷтимоии Фаластин боқӣ хоҳад монд ва иҷоза нахоҳад дод, ҳеҷ тарафе дар ҳамбастагии миллӣ халал эҷод кунад. /ИРНА