Аз Саъдӣ то Хайём - алоқаи ироқиҳо ба шоирони эронӣ + муаррифӣ
-
Нигорае аз Саъдӣ, шоири эронӣ ва оромгоҳи ӯ
Порс-Тудей. Раиси Намоишгоҳи китоби Бағдод аз алоқаи зиёди ироқиҳо ба шоирону нависандагони эронӣ хабар дод.
Абдулваҳҳоб Розӣ, раиси Иттиҳоди ноширони Ироқ ва раиси Намоишгоҳи китоби Бағдод бо баёни инки шоирону нависандагони эронии бисёре дар Ироқ шинохташуда ҳастанд, гуфт: Мардуми Ироқ Саъдӣ, шоири бузурги эронӣ ва рубоиёти Хайёмро хеле меписанданд.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Исна, Розӣ рӯзи якшанбе дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон дар бораи инки бештар чӣ китобҳое аз Эрон ба Ироқ меравад, хотирнишон кард: Китобҳои мухталифе ба Ироқ меоянд, аз ҷумла китобҳои таърихӣ, динӣ ва маориф.
Раиси Намоишгоҳи китоби Бағдод бо баёни инки барои чандумин бор аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ҳузур дорад, афзуд: “Намоишгоҳи китоби Теҳрон нисбат ба намоишгоҳи китоби Бағдод хеле бузургтар аст. Намоишгоҳи китоби Теҳрон давлатӣ асту давлат умури онро танзим мекунад, аммо намоишгоҳи Бағдод хусусӣ аст ва фазои кучактаре барои анҷоми корҳо дорем”.
Вай дар бораи инки оё тасмим доранд то адабиёти муосири Эрон (чӣ достон ва чӣ шеър)-ро ба забони арабӣ дар Ироқ тарҷума кунанд, низ изҳор дошт: “Тайи ҳузурамон дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон мехоҳем қарордодҳоеро имзо кунему китобҳоеро ба арабӣ тарҷума карда ва бо ноширон ҳамкории бештаре дошта бошем.
Абумуҳаммад Мушрифуддин Муслеҳ бин Абдуллоҳ бин Мушарраф, мутахаллис ба Саъдӣ, шоиру нависандаи номдори эронӣ дар қарни ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ буд. Аз алқоби вижаи ин шоири бузурги эронӣ метавон «Устоди сухан», «Подшоҳи сухан» ва «Шайхи аҷал»-ро баршумурд. Зебоии калому шевоии ӯ дар назму наср шӯҳрати ҷаҳонӣ доштаву забонзади ҳамагон аст. Ғазалсароии Саъдӣ дар мавриди ахлоқу ирфон бисёр зебо ва ҷаззоб аст. Ҳамаи осори Саъдӣ, ки шомили шеъру наср мешавад, дар китобе ба номи куллиёти Саъдӣ ҷамъоварӣ шудааст, аммо дар ин миён ду асари ӯ ба номҳои “Бӯстон”-у “Гулистон” дар ду китоби мустақил омадаанд. “Бӯстон” ба назм ва “Гулистон” ба назму насри мусаҷҷаъ таълиф шудаанд.
“Бӯстон”-и Саъдӣ ё “Саъдинома”, дар бораи сафарҳо ва ҳикоёте аст, ки дар қолаби шеъри маснавӣ ва дар ҳудуди 4000 байт шеър ба риштаи таҳрир даромадааст.
Дар ин асари фохир, ба нақли қавл, зарбулмасалу достонҳои бисёре бархӯрд мекунем, ки моҳияте ҳамосӣ дошта ва ба масоили мухталифе перомуни парвариши рӯҳу ирфон мепардозанд. Аз ҷумлаи вижагиҳои ахлоқии мусбате, ки дар ин китоб ба онҳо пардохта шудааст, метавон ба мавориде ҳамчун тан додан ба хости Худованд, эътидолварзӣ, парвариши ахлоқ, ишқу меҳрварзӣ, эҳсон ба дигарон, шукргузорӣ ва қаноат ва ҳамчунин тавозуъ ва фурӯтанӣ ишора кард.
Ин асари фохир даҳ боб дорад, ки иборатанд аз:
Боби аввал: дар адлу тадбиру рой
Боби дувум: дар эҳсон
Боби сеюм: дар ишқу мастиву шӯр
Боби чаҳорум: дар тавозуъ
Боби панҷум: дар ризо
Боби шашум: дар қаноат
Боби ҳафтум: дар олами тарбият
Боби ҳаштум: дар шукр бар офият
Боби нуҳум: дар тавбаву роҳи савоб
Боби даҳум: дар муноҷоту хатми китоб
“Гулистон”-и Саъдӣ ҳам, ки ба бовари бисёре таъсиргузортарин китоби наср дар адабиёт форсӣ аст, дар ҳашт боб навишта шудааст. Бештари навиштаҳои он кӯтоҳ ва ба шеваи достонҳо ва пандҳои ахлоқӣ аст.
Боби аввал: дар сирати подшоҳон
Боби дувум: дар ахлоқи дарвешон
Боби сеюм: дар фазилати қаноат
Боби чаҳорум: дар фавоиди хомӯшӣ
Боби панҷум: дар ишқу ҷавонӣ
Боби шашум: дар заъфу пирӣ
Боби ҳафтум: дар таъсири тарбият
Боби ҳаштум: дар одоби суҳбат
Ҳаким Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар бин Иброҳим Хайём, машҳур ба Хайём низ файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири эронӣ дар соли 439 ҳиҷрии қамарӣ дар Нишопур зода шудааст. Хайём дорои ҳуше фавқулода, ҳофизае нерӯманд ва қавӣ буд ва илова бар адабиёт, дар риёзӣ, нуҷум, фалсафа, дин, таърих, гоҳшуморӣ ва мусиқӣ низ дониши фаровоне дошт. Мақому шӯҳрати бисёри Хайём дар замони худ сабаб шуд муосирони ӯ ҳама вайро бо лақабҳои бузурге монанди имом, файласуф ва ҳуҷҷатулҳақ биситоянд. Рубоиёти ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад.