Гузоришгари вижаи СММ: Фиреби вожаи сулҳи Ғаззаро нахуред
Октябр 15, 2025 12:52 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Francesca Albanese, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, сулҳи иддаоӣ дар Ғазза, пӯшише барои табъизу ситам алайҳи фаластиниҳост.
Вай дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Х нисбат ба истифодаи абзорӣ аз вожаи «сулҳ» дар тавсифи вазъияти Ғазза ҳушдор дод. Ӯ таъкид кард: Нигоҳи ҷаҳониён бояд ҳамчунон бар Фаластин мутамарказ бимонад ва мардуми ҷаҳон набояд акнун рӯи худро аз ранҷи фаластиниҳо баргардонанд. Albanese бо ёдоварии суханони Nelson Mandela навишт: Ҳеҷ кас озод нест то замоне, ки ҳама озод набошанд. /Хабаргузории Садо ва симо