Октябр 28, 2021 19:07 Asia/Dushanbe
  • Боқирии Канӣ : Ончӣ барои Эрон мавзӯят дорад, лағви муассири таҳримҳову оддисозии равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Эрон аст
    Боқирии Канӣ : Ончӣ барои Эрон мавзӯят дорад, лағви муассири таҳримҳову оддисозии равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Эрон аст

Алии Боқирии Канӣ-муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон дар дидор бо Энрике Мора-муовини масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамоҳангкунандаи Комиссиюни муштараки Барҷом тасреҳ кард: Тазмин барои адами такрори бадаҳдӣ ва рафторҳои ғайриқонӯнии тарафҳои муқобил, хостаи ғайри қобили чашмпӯшии Ҷумҳурии исломии Эрон аст .

Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон бо ишора ба таҷрибаи чанд соли бадаҳдӣ дар иҷро ва ниҳоятан хурӯҷи якҷонибаву ғайриқонӯнии Амрико аз Барҷом ва беамалии кишварҳои аврупоӣ дар амал ба таъаҳҳудоташон, таъкид карднчӣ барои Эрон мавзӯят дорад, лағви муассири таҳримҳову оддисозии равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Эрон аст ва ҳар тавофуқе бояд хостаҳои Эрон дар ин хусӯсро бароварда кунад .
Дар ин мулоқот ду тараф мавонеъи аслии музокироти пеширӯро мурӯр ва тавофуқ карданд,ки музокиротро дар моҳи ноябр оғоз кунанд .
Пас аз он ки Амрико 8 маи 2018 ба сӯрати якҷониба аз тавофуқи Барҷом хориҷ шуд, то кунун шаш даври музокира бо ҳадафи лағви таҳримҳову бозгашти Амрико ба ин тавофуқ, дар шаҳри Вена баргузор шуда, ки ба далели тадовуми фишорҳову ташдиди таҳримҳо аз сӯии Амрико ба натиҷа нарасидааст .
Бо рӯй кор омадани давлати сездаҳум дар Эрон раванди баррасии гуфтугуҳои қаблӣ дар дастури кор қарор гирифт, то дар бораи чигунагии музокироти оянда тасмимгирӣ шавад ; дар ин муддат мақомоти Эрон борҳо таъкид карданд, ки тарафҳои музокира низ бояд дар ҷиҳати иҷрои таъаҳҳудот ва нишон додани ҳусни нияти худ, иқдом кунанд .
Дар ҳамин иртибот Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон пештар дар ҷараёни дидор бо ҳамтоёни аврупоӣ ва масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Нию-Йорк мутазаккир шуд:  Эрон ба музокироти лағви таҳримҳо бозмегардад, аммо иқтисоди худро ба ин музокирот гиреҳ намезанад ва дар сурате ки тарафҳои муқобил ба иҷрои таъаҳҳудоти худ бозгарданд, Эрон низ чунин хоҳад кард .
Дар паии тавофуқи Барҷом ва тасвиби қатъномаи 2231 Шӯрои Амнияти Созмони Миллал дар соли 2015 ,ҳар шаш қатъномаи қаблӣ, ки алайҳи Эрон содир ва мунҷар ба таҳримҳое дар робита бо мавзӯи ҳастаии Эрон шуда буд,  лағв шуд ; аммо Амрико ва се кишвари аврупоӣ ( Британия, Фаронса, Олмон ) ба вижа дар давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп ، ба ҳеҷ як аз таъаҳҳудоти худ амал накарданд . Бо ин ҳол ، Эрон аз соли 2015, ки тавофуқи Барҷом ниҳоӣ шуд, ҳамаи таъаҳҳудоти худро иҷро кард ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ дар чандин гузориши худ пойбандии Эрон ба таъаҳҳудоташро таъйид кард .
Эрон ҳамчунин то 15 моҳи пас аз хурӯҷи ғайриқонӯнии Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ба иҷрои комили таъаҳҳудоти худ идома дод ва пас аз онки тарафҳои аврупоӣ ба ваъдаҳои худ аз ҷумла гушоишҳои молӣ ва бонкӣ амал накарданду давлати Амрико низ ба сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ идома дод, Эрон ба тадриҷ бархе таъаҳҳудоти ҳастаии худро коҳиш дод .
Дар бораи бадаҳдиҳои Амрико бояд дар назар дошт, ки ин кишвар дар дигар таъаҳҳудоти байналмилалӣ низ собиқа дурахшоне надорад ; хурӯҷи ин кишвар аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллал, Паймони иқлимии Порис ва Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Миллали Муттаҳид ( ЮНЕСКО ) фақат чанд намӯна аз аҳдшикниҳои Амрико дар арсаи байналмиллалӣ аст .

Яннис Ворас-устоди иқтисоди донишгоҳи Юнон дар ин ҳамин хусӯс мегуяд : " Амрико хилофи тасмимоти байналмиллалӣ ҳаракат мекунад ва ба эътибори байналмиллалии ин кишвар, ки ба истилоҳ мунодии демокросӣ дараҷа он аст, зарбаи ҷуброннопазире ворид хоҳад шуд . "

Бинобарин таҷрибаи амалкарди номуносиби тарафҳои ғарбии Барҷом, ба вижа Амрико нишон медиҳад, ки бояд дар музокироти оянда созукоре дар назар гирифта шавад, ки ҳам мутазаммини манофеи Эрон ва лағви ҳамаи таҳримҳо бошад ва ҳам ба гӯнае танзим шавад, ки агар ин бор яке аз тарафҳо аз тавофуқ хориҷ шуд ва ё онро иҷро накард, тарафи муқобил низ битавонад иқдомотеро барои муқобила анҷом диҳад . Суханони муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон дар дидор бо муовини масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ таъкиде бар ин рӯйкард аст, ки сирфи музокирот барои Ҷумҳурии исломии Эрон муҳим нест ; балки бояд ҳамаи таҳримҳо лағв ва масъалаи адами такрори аҳдшиканӣ ва рафторҳои ғайриқонӯнии тарафҳои ғарбии Барҷом, тазмин шавад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп