Вуруди 6 миллион доза воксани корона ба Эрон
Октябр 29, 2021 17:26 Asia/Dushanbe
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон эълом кард, 6 миллион доза воксани корона вориди кишвар шуд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон эълом кард, сивудуюмин маҳмулаи воксани корона, ҳовии 6 миллион доза воксан (панҷшанбе) дар фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) ба Вазорати беҳдошт таҳвил дода шуд.
Сивудуюмин маҳмулаи воксани корона, таҳияшуда аз сӯи Ҳилоли Аҳмари Эрон ҳовии 6 миллион доза воксан, аз навъи «Синоформ» аст.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз 7 моҳи пеш то кунун 106 миллиону 390 ҳазор доза воксан ба кишвар ворид кардааст.
Барчасп