Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Истикбор ҳадафе ҷуз эҷоди ноамнӣ надорад
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, ҳаракати имрӯзии истикбор ҳадафе ҷуз ноамнӣ надорад.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайидмуҳаммадҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои намози ибодӣ - сиёсии ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон, ДИИШ-ро намунае аз гуруҳҳое, ки истикбор эҷод карда, унвон кард ва гуфт, истикбор манофеи машрӯъи кишварҳо ба вижаи кишварҳои мусулмонро таъмин намекунад.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон баёни инки асли низомсозӣ ва давлатсозӣ дар андешаи динӣ аст, гуфт, садҳо санад дар Қуръон ва сираи Паёмбар (с) ҳикоят аз ин дорад, ки Анбиёи илоҳӣ бавижа Паёмбари хотам(с) дар масири давлатсозӣ ва ташкили низоми сиёсӣ ва барои сохтани инсоне, ки қиёми ӯ ба адлу ҷомеъае, ки мубтанӣ бар адолат аст ва инсонҳои одил тарбият мешаванд, қадам бардоштаанд.
Сайидмуҳаммадҳасани Абутуробифард афзуд, Анбиё (а) барои фароҳам овардани заминаи ҳузури инсон барои саодати абадӣ, иқдом ба ташкили низоми сиёсӣ карданд ва бидуни як низоми сиёсии коромад ва мубтанӣ бар усӯли ахлоқӣ ва илмӣ имкони таҳаққуқи аҳдофи илоҳӣ вуҷӯд надорад.