Октябр 31, 2021 13:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба сомонаҳои сӯхт-кори Амрико ва режими саҳюнистӣ аст

Раиси Созмони падофанди ғайриомили Эрон гуфт : Бар асоси таҳлилҳои иттилоотӣ ҳамлаи сойбирӣ(интернетӣ) ба сомонаҳои сӯхт аз тарафи як кишвари хориҷӣ, амрикоиҳо ва саҳюнистҳо анҷом шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Ғуломризо Ҷалолӣ шанбешаб бо ҳузур дар барномаи зиндаи телевизиюнӣ ба ташреҳи маъмуриятҳои ин созмон  , баррасии ҳамлаи сойбирӣ бо ҳадафи ихтилол дар сомонаи интиқоли сӯхти Эрон, роҳкорҳои коҳиши осебпазирӣ дар баробари ҳамалоти сойбирӣ ва баррасии охирин иқдомҳои ин созмон барои таъмини амнияти зерсохтҳои сойбирӣ пардохт .
Сардор Ҷалолӣ ба ҳамлаи сойбирӣ ба сомонаҳои сӯхт ишора кард ва бо баёни инки ин ҳамла дар бахши миёнафзор иттифоқ афтод, ки ҳамлаи бисёр печидаву поксозии он душвор аст, афзуд : Агар ҳамла ба системаи тавзиъи сӯхт дар бахши сахтафзор иттифоқ меафтод ниёз ба нуфӯз буд яъне ё ширкати созандаи сахтафзор дар ин ҳамлаи дахил буд ё таҷҳизоте бояд сохта мешуд ва дар система қарор мегирифт .
Ӯ идома дод : Ҳамлаи сойбирӣ ба таблуҳои таблиғотӣ низ бо ҳамла ба системаи тавзиъи сӯхт муртабит буд, албатта аз назари иттисоли фаннӣ масъала дар ҳоли баррасӣ аст ва то кунун иртиботе пайдо накардаем .


Ҳамлаи кибернетикӣ ба сайтҳои чанд бемористони режими саҳюнистӣ

Амрико ҳадафи бузургтарин ҳамлаи сайберӣ қарор гирифт
Сабти се миллион ҳамлаи сайберии Амрико алайҳи Русия

Сардор Ҷалолӣ дар посух ба ин пурсиш ки оё мумкин аст авомили дохилӣ низ дар ин ҳамлаи сойбирӣ дахолат дошта бошанд ? гуфт : Мумкин аст авомили дохилӣ низ дар ин ҳамла дахолат дошта бошанд, ки дастгоҳҳои амниятӣ дар ҳоли баррасӣ ҳастанд .
Вай гуфт : Ҳузури ҳӯшмандона ва тағйири раванди Садо ва Симо дар пардохтан ба ин масоилу баррасии дақиқу иттилоърасонии бамавқеи он ба мардум, суръати амали гуруҳҳои фаннӣ ва бозгашти сариъи ҷойгоҳҳои тавзеъи сӯхт ба хизматрасонӣ ва бархурди огоҳонаи мардум бо ин масъала муҷиб шуд тавтеъаи душманон дар эҷоди иғтишошу таҷаммуъи мардум хунсо шавад .

Дар паии ҳамлаи сойбирии сешанбеи гузашта ба системаҳои ҳӯшманди сӯхт, ҷойгоҳҳои сӯхт дар Эрон бо ихтилол дар арзаи сӯхт мувоҷеҳ шуданд .

 

Барчасп