Эрон ва Ҳинд - тамоюли дусӯя барои тавсеаи равобити тиҷорӣ
(last modified Mon, 01 Nov 2021 08:51:47 GMT )
Ноябр 01, 2021 13:51 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Ҳинд ба унвони ду тамаддуни бузург дар Осиё аз равобити деринаи таърихӣ ва иқтисодӣ бархӯрдоранд
    Эрон ва Ҳинд ба унвони ду тамаддуни бузург дар Осиё аз равобити деринаи таърихӣ ва иқтисодӣ бархӯрдоранд

Эрон ва Ҳинд ба унвони 2 тамаддуни бузург дар Осиё аз равобити деринаи таърихӣ ва иқтисодӣ бархӯрдоранд ва муносиботи тиҷориву бозаргонии ин ду кишвар, ба хусус аз тариқи дарё, аз гузаштаҳои дур то имрӯз идома дорад.

Гаддам Дармендра (Gaddam Dharmendra), сафири Ҳинд дар Теҳрон рӯзи якшанбе дар сафаре ба устони Ҳурмузгон, ҷануби Эрон, дар ҷараёни боздид аз бахшҳои мухталифи бузургтарин бандари тиҷории Эрон, бо баёни ин нукта, хоҳони тавсеаи тиҷорати дарёӣ байни ду кишвари Эрон ва Ҳинд шуд.

Сафири Ҳинд дар Эрон дар ин боздид бо ишора ба мавқеияти сиёсиву тиҷории Эрон ва Ҳинд ва наздикии масири дарёӣ байни Бандар-Аббос, бандари Чобаҳор ва бандари Бамбей, нақши бандари шаҳид Раҷоиро дар тиҷорати дарёии минтақаӣ нақше бебадил ва таъсиргузор унвон кард ва афзуд: Итминон дорем, ки бандари шаҳид Раҷоӣ бо бархӯрдорӣ аз мавқеъияте стратегӣ метавонад транзити байналмилалӣ байни каридори Шимол - Ҷанубро қувват бахшад.

 

Ин тамоюл дусӯя аст ва Теҳрон низ аз иқдомоти мутақобил барои ҳамафзоии ҳамкориҳои чандҷониба бо Ҳинд ва дигар кишварҳои минтақа истиқбол мекунад.

Дар бахши энержӣ низ фурсатҳои зиёде барои Ҳинд дар ҷиҳати сармоягузорӣ дар Эрон вуҷуд дорад.

Дар ин росто, Эрон аз сармоягузории Ҳинд дар бахши энержии бандари Ҷоск дар устони Ҳурмузгон, ҷануби Эрон истиқбол мекунад. Ҳинд метавонад захоири стратегии нафтӣ дар бандари Ҷоск эҳдос кунад ва бо сохти хати лӯлаи интиқоли газ аз мабдаи бандари Ҷоск, амнияти энержии худро ҳатто бо вуҷуди ихтилолҳои эҳтимолӣ дар занҷираи таъмини энержӣ тазмин кунад. Ҳинд ҳамчунин метавонад пружаҳои сохти корхонаҳои петрошимиро дар минтақаи озоди тиҷории Чобаҳори устони Систону Балучистони Эрон, чӣ ба сурати мустақил ё ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ иҷро кунад.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳинд дар ин бора мегӯяд: Бо тавваҷуҳ ба тақозои фаровони колои эронӣ дар Ҳинд, тавлиди муштараки Эрон ва Ҳинд яке дигар аз роҳкорҳои афзоиши содироти ғайринафтӣ дар Ҳинд аст.

 

Пешбурди аҳдофи Теҳрон ва Деҳлии Нав дар ин замина аммо ниёзманди иқдомоте ҳимоятӣ аз сӯйи ду тараф аст. Идомаи парвозҳои мустақим байни ду кишвар барои афзоиши муровидоти тиҷорӣ ва имзои ҳар чи зудтари асноди болодастӣ бо ҳадафи фароҳам кардани имконоту тасҳилоти лозим барои содироти ғайринафтӣ байни ду кишвар, аз ҷумлаи иқдомоти лозим барои суръат додан ба мубодилоти тиҷорӣ аст. Дар ҳоли ҳозир дар чорчӯби тавофуқи сеҷонибаи Эрон, Ҳинд ва Афғонистон, ирсоли колоҳои Ҳинд ба Афғонистон ва фаротар аз он дар Осиёи Марказӣ осон шудааст.

Аз ҷанбаҳои фарогиртар низ бояд гуфт, истифода аз зарфиятҳои тиҷориву транзитии чандҷонибаи бандари Чобаҳор бо тавваҷуҳ ба аҳдофи роҳбурдии таърифшуда дар барномаи ҳамкории баландмуддати Эрон ва Ҳинд аҳамияти музоъафе ёфтааст. Ба вижа ин ки ин бандари роҳбурдӣ зарфияти эҷоди ҳамгароӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубиро дорост.

Истифодаи ҳаддиаксарӣ аз зарфиятҳои ҷуғрофиёӣ – иқтисодӣ ва тиҷории минтақаӣ сабаби рушди иқтисодӣ ва тақвияти ҳамгароиҳои амниятӣ байни кишварҳои минтақа мешавад. Аз ин рӯ бастани ин тавофуқот ба як зарурат табдил шудааст.

Чобаҳор аз ин манзар бо тавваҷуҳ ба мавқеияти мумтози ҷуғрофиёӣ дар сатҳи ҷаҳон ва наздик буданаш ба Афғонистон, ҳалқаи васли фаъолиятҳои тиҷориву сармоягузории тоҷирони Ҳинд ва Афғонистон аст.

Раҷив Нараян, коршиноси аршади Маркази хадамоти муттаҳиди Ҳинд дар ин бора мегӯяд: Геополитикаи Чобаҳор ва фазои ҷадиди эҷодшуда, бозигарони ҷадиди фароминтақаиро низ ҷазби ин каридор хоҳад кард ва мумкин аст мунҷар ба ташкили блоки ҷадиде аз ҳалқаҳои тиҷорӣ гардад.

Ин дар шароите аст, ки тақвияту тавсеаи равобит бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа аз авлавиятҳои дипломатияи иқтисодии Эрон аст. Бо ин рӯйкард ва бо таваҷҷуҳ ба алоқаву тамоюли дусӯяи Ҳинд ва Эрон барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ метавон нисбат ба ояндаи ин ҳамкориҳову таъсиргузор будани он бар тақвияти равобити роҳбурдии чандҷонибаи минтақаӣ умедвор буд.

 

Бештар бихонед: