Дидори сафири Тоҷикистон бо вазири додгустарии Эрон
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон рӯзи 2 ноябри 2021 дар Теҳрон бо вазири додгустарии Эрон дидор кард.
Ба гузориши сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо Амин Ҳусайни Раҳимӣ, вазири додгустарии Эрон дидору ройзанӣ карданд.
Дар ин мулоқот масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла пайгирии иҷрои санадҳои баимзорасида байни мақомоти дахлдори ду кишвар ва такмили пояи шартномавиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин замина таъкид шуд, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар тӯли 30 соли муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Эрон, заминаи устувори шартномавӣ-ҳуқуқӣ эҷод шудааст, ки ҳудуди 180 аҳдномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дар хусуси масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.
Бештар бихонед:
- Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Аз фаъолони иқтисодии эронӣ дар Тоҷикистон истиқбол мекунем
- Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Ҳаҷми табодулоти Эрон ва Тоҷикистон бояд ба як миллиард доллар бирасад