Ташреҳи ҷузъиёти бархӯрди Нерӯи дарёии сипоҳ бо новҳои амрикоӣ
(last modified Thu, 04 Nov 2021 05:03:55 GMT )
Ноябр 04, 2021 10:03 Asia/Dushanbe
  • Ташреҳи ҷузъиёти бархӯрди Нерӯи дарёии сипоҳ бо новҳои амрикоӣ

Равобит умумии кули Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар иттилоияе ҷузъиёти бархӯрди Нерӯи дарёии ин ниҳоди инқилобӣ бо новҳои амрикоиро ташреҳ кард.

Равобит умумии кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар иттилоияе эълом кард, бо иқдоми бамавқеъ ва муқтадиронаи ҷонбаркафони диловари Нерӯи дарёии сипоҳи посдорон,амалиёти Нерӯи дарёии артиши террористи Амрико барои сирқати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дарёи Уммон ноком монад.

Ин иттилоия меафзояд, амрикоиҳо дар ин иқдом як нафткаши ҳомили нафти Эронро дар обҳои дарёи Уммон сирқат карданд ва бо интиқоли маҳмӯлаи нафт ба як нафткаши дигар, онро ба сӯи мақсаде номаълӯм ҳидоят карданд.

Дар ин иттилоия бо ишора ба иқдоми ҳамзамони Нерӯи дарёии сипоҳ дар нокомсозии ин амалиёт, омадааст: размандагони Нерӯи дарёии сипоҳ бо иҷрои амалиёти ҳелибурн(юриши ҳавоӣ) бар рӯи аршаи нафткаши ҳомили нафти сирқат шуда, онро тасарруф ва ба сӯи обҳои сарзаминии Эрон ҳидоят карданд.

Ин иттилоия тасреҳ кардааст, нерӯҳои артиши террористи Амрико дар идома бо истифода аз чандин болгард ва нови ҷангӣ ба таъқиби нафткаш пардохтанд, аммо бо вуруди қотеъона ва муқтадиронаи Нерӯи дарёии сипоҳ ноком монданд.

Дар иттилоияи равобити умумии кулли сипоҳ бо ишора ба талоши нофарҷоми муҷаддади амрикоиҳо барои тақвияти тавони худ бо истифода аз истеъдоди бештар ва гусели чандини нови ҷангии дигар барои сад кардани масири ҳаракати нафткаш омадааст, амрикоиҳо бо дарки омодагӣ ва қотеъияти размандагони Нерӯи дарёии сипоҳ барои рӯёрӯӣ бо ҳар навъи моҷароҷӯӣ ва таҳдид алайҳи манофеи миллати Эрон, аз идомаи моҷаро мунсариф шуданд ва минтақаро тарк карданд.

Равобит умумии кулли сипоҳ дар поён тасреҳ кардааст, тасовири шаффоф, гӯё ва ғайриқобили инкори ин рухдод дар ихтиёри расонаҳои гурӯҳӣ қарор хоҳад гирифт.

Ин нафткаш дар 25 октябри 2021 вориди обҳои сарзаминии Эрони исломӣ шуд ва дар лангаргоҳи Бандараббос паҳлу гирифтааст.