Танҳо роҳи ҳалли вазъияти Барҷом азсаргирии музокироти Вена аст
Раиси ҳайати Русия дар музокироти Барҷом эълом кард, ки танҳо роҳи ҳалли вазъияти Барҷом азсаргирии музокироти Вена барои эҳёи муомилаи ҳастаӣ аст .
Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон, Михаил Улянов дар паёми тветтирӣ бо ишора ба гомҳои Эрон барои коҳиши таъаҳҳудоти ҳастаии довталабона дар посух ба таҳримҳои ғайриқонӯнии Амрико хотирнишон кард, ки Вашингтон на танҳо фишори ҳаддиаксарӣ ( бар Эрон )ро ҷорӣ кардааст, балки таҳримҳои бештареро эҷод мекунад .
Дипломати аршади русӣ афзуд : Фақат як роҳ барои аз байн бурдани ин чархаи ботил вуҷуд дорад, ки он ҳам музокироти Вена аст, ки бояд бозгашти Амрикову Эрон ба риояти комили Барҷомро таъмин кунад .
Улянов ин тветтро дар интиқод аз тветти Лорнс Норман-хабарнигори Уэлл стирит журнал навишт, ки дар он хостори адами ироаи ҳар гуна тазмин, ҷуброни хисорату лағви таҳрим дар мавриди Эрон шуда буд .
Намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена имрӯз навишт : Ман итмӣнон дорам, ки ҳеҷ як аз ширкаткунандагони музокироти Вена иқдоме, ки музокирот дар мавриди Барҷомро ноком бигзорад, анҷом нахоҳанд дод .
Вай идома дод, ки нишасти Шӯрои мудирони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ барои рӯзи 24 моҳи ноябр барномарезӣ шудааст .
Иттиҳодияи Аврупо чаҳоршанбеи гузашта бо судӯри баёнияи расмӣ эълом кард, ки нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом 29 ноябр ба сурати ҳузурӣ дар Вена аз сар гирифта мешавад ва ширкаткунандагон қарор аст ба ройзаниҳо дар бораи иҷрои комилу муассири ин тавофуқ идома диҳанд .
Дар ин баёния, ки як нусхаи он дар торнамои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мунташир шуд, омадааст ки ин нишаст дар сатҳи муовинону мудирони сиёсии вазоратҳои умӯри хориҷаи Эрон ва гуруҳи чаҳор ба иловаи як баргузор хоҳад шуд .