Набзи иқтисоди Душанбе дар Чобаҳор мезанад
(last modified Wed, 10 Nov 2021 11:06:32 GMT )
Ноябр 10, 2021 16:06 Asia/Dushanbe
  • Набзи иқтисоди Душанбе дар Чобаҳор мезанад

Мудири равобити умумӣ ва умури байналмилали Созмони Минтақаи озоди Чобаҳор гуфт, тардиде нест, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон дар гарави тавсеаи равобит бо Эрон ва албатта баҳра гирифтан аз маъбаре муҳим ба номи Минтақаи озоди Чобаҳор аст.

Ҳисомиддин Юсуфӣ дар ёддоште бо таъкид бар ин ки Тоҷикистон тайи ду даҳаи гузашта ҳамвора саъй бар барқарории иртиботи ҳасана бо кишварҳои ҷанубии худ дошта то аз ин тариқ битавонад бо ҳазинаи камтаре ба обҳои озод даст ёбад, навишт: Тардиде нест, ки ояндаи иқтисоди кишвари Тоҷикистон дар гарави тавсеаи равобит бо Эрон ва албатта баҳра гирифтан аз маъбаре муҳим ба номи Минтақаи озоди Чобаҳор аст.

Дар ёддошти Ҳисомиддин Юсуфӣ омадааст: Ҳамон замон, ки Толибон контроли Кобулро ба даст гирифт, шойеъа шуд, ки Ашрафғанӣ ба Тоҷикистон гурехт.

Ба гуфтаи мудири равобити умумӣ ва умури байналмилали Созмони Минтақаи озоди Чобаҳор Ғанӣ сипас ба кишвари савум рафт, бо вуҷуди он ки давлати Тоҷикистон ин шойеъаро такзиб кард. Бархе шойеъаҳо ба Узбакистон рафтани Ғаниро таъйид карданд. Сипас дар кул, ҳузуру тараддуди раиси ҷумҳурии фирории Афғонистон такзиб шуд, аммо далели ин таъйиду такзибҳои мукаррар фаротар аз мабоҳиси сиёсиву дипломатӣ, реша дар нуқсони дастрасӣ надоштани Афғонистон ва кишварҳои дигар ба обҳои озоди ҷуғрофиёӣ аст, ки Тоҷикистонро низ ба кишварҳои ҳамсоя ниёзманд мекунад.

Вай идома дод, Тоҷикистон дастикам тайи ду даҳаи гузашта ҳамвора саъй бар барқарории иртиботи ҳасана бо кишварҳои ҷанубии худ дошта то аз ин тариқ зимни таъмину воридоти колои мавриди ниёз, содироти маводи хому маъдании худ ба бозорҳои ҷаҳониро ҳам осон кунад. Ин сиёсати таомулгароёна аз сӯи давлати Душанбе бо давлати Афғонистон низ ҳамвора барқарор буд ва ин кишвар аз тариқи Афғонистон ба Покистону бандарҳои Гвадар ва Карочи мерасид.

Вай баён кард, ҳоло ки масири Афғонистон ва Покистон барои дастрасӣ ба обҳои озод ба далели ба қудрат расидани Толибон ба мухотира афтодааст, танҳо гузинаи пеширӯи Тоҷикистон кишвари Эрон ва бандари Чобаҳор аст. Масирест осон, амн ва камҳазина, ки Тоҷикистонро ба уқёнуси Ҳинд муттасил мекунад.

Мудири равобити умумӣ ва умури байналмилали Созмони Минтақаи озоди Чобаҳор таъкид кард, аммо мутамаркиз шудани барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон барои иттисол ба занҷираи тиҷорати ҷаҳонӣ аз масири Эрон, фурсате тиллоӣ барои бандари Чобаҳор аст, ки на фақат канали транзитии Тоҷикистон барои тиҷорат бо ҷаҳон бошад, ки ба танҳо гузаргоҳи транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкии Осиёи Миёна бадал шавад.