Ноябр 10, 2021 18:02 Asia/Dushanbe
  • Тахтиравончӣ: Таҳримҳои якҷонибаи Амрико монеъе барои таҳаққуқи аҳдофи тавсеаи пойдор аст

Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Таҳримҳои якҷонибаи Амрико монеи дастрасии кишварҳои мутаассир аз таҳрим ба манобеи молӣ ва тавсеаи мавриди ниёз барои таҳаққуқи аҳдофи тавсеаи пойдор шудааст.

Маҷиди Тахтиравончӣ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал бо мавзӯи “Ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ: маҳрумият, нобаробарӣ ва мунозиот” бо ишора ба эътиёди Амрико ба таҳрими дигар кишварҳо гуфт: Эъмоли иқдомоти қаҳромези якҷонибае монанди эъмоли таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи мардуми Эрон авоқиби ҷиддӣ бар рифоҳи ҳамаи ақшори ҷомеа ба ҳамроҳ доштааст.

Тахтиравончӣ дар идома афзуд: Ин иқдомоти ғайриқонунӣ, ки боиси камбуди шадиди ниёзҳои аввалияи мардум, ба вижа дору ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёз барои муқобила бо Ковид - 19 шудааст, мушкилоти иқтисодиро ташдид мекунад.

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал ҳамчунин бо баёни ин ки мавзӯоте монанди маҳрумият ва нобаробарӣ метавонанд ба унвони муҳаррикҳои билқувваву авомили ташдидкунандаи мунозиот амал карда ва фурсатҳоро барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар кишварҳои даргир дар мунозиот тазъиф кунанд, изҳор дошт: Мушорикати созандаи Созмони Милал дар ҷилавгирӣ аз мунозиот мусталзими инсиҷом, таомули пойдор ва ҳамоҳангӣ миёни Маҷмаи умумӣ, Шӯрои амният ва Шӯрои иқтисодиву иҷтимоӣ, бо риояти чорчӯби шарҳи вазоифи ҳар кадом аз ин органҳо зайли Эъломияи СММ аст.

Тахтиравончӣ бо таъкид бар ин ки Шӯрои амният бояд ба аҳдофу усули маншури СММ пойбанд бошад, афзуд, мавзӯоте монанди маҳрумият ва нобаробарӣ, ки дорои абъоди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст, бояд тавассути органҳои зисалоҳи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Маҷмаи умумӣ ва Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди расидагӣ қарор гирад.