Ноябр 12, 2021 20:57 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ аз рушди 2.1 дарсадии иқтисоди Эрон дар соли 2021

Бонки Ҷаҳонӣ дар ҷадидтарин гузориши худ рушди иқтисодии 2. 1 дарсадиро барои иқтисоди Эрон дар соли 2021 пешбинӣ кард.

Бар асоси пешбинии ин ниҳоди байналмилалӣ, рушди иқтисодии Эрон дар соли ҷории мелодӣ ба 2. 1 дарсад хоҳад расид. Ин дар ҳоле аст, ки Эрон дар соли 2020 рушди иқтисодии 1. 7 дарсадиро таҷриба карда буд.

Ҳамчунин тарози ҳисобҳои ҷории Эрон, ки дар соли 2020 манфӣ шуда буд, дар соли ҷорӣ дубора мусбат хоҳад шуд ва ба мусбати 0. 8 дарсади тавлиди нохолиси дохилии Эрон хоҳад расид.

Бар асоси ин гузориш, миёнгини рушди иқтисодии кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Африқо дар соли 2021 ба 2. 2 дарсад хоҳад расид.

Рушди кишварҳои содиркунандаи нафти минтақа ба 2. 3 дарсад хоҳад расид.

Қатар дар ин сол рушди 3 дарсадӣ, Иморот рушди 1. 2 дарсадӣ, Кувайт рушди 2. 4 дарсадӣ, Баҳрайн рушди 3. 3 дарсадӣ ва Арабистон рушди 2. 4 дарсадӣ хоҳанд дошт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп