Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Эрон ба ҳеч давлате дар Амрико эътимод надорад
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, миллати Эрон ба сиёсатҳои ҳеч кадом аз давлатҳое, ки дар Амрико бар сари кор меоянд, эътимод нахоҳад кард.
Оятуллоҳ Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ҳеч тағйире дар сиёсатҳои зӯргӯёнаи ин кишвар дар қиболи миллатҳои минтақа эҷод намекунад, афзуд: “Миллати Эрон ҳаргиз ба хостаи давлатҳое, ки дар ин кишвар сари кор омадаанд, тан нахоҳад дод”.
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ҳушдор ба раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико дар бораи авоқиби сиёсати таҳдид зидди Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари ин сиёсатҳо муқовимат хоҳад кард.
Оятуллоҳ Хотамӣ бо таъкид бар ин ки мардуми ҷаҳон аз сиёсатҳои моҷароҷӯёна ва мудохилоти низомии Амрико дар корҳояшон хаста шудаанд, ба раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико тавсия кард, беҳтар аст ба ҷойи идомаи ин сиёсатҳо ба рафъи мушкилоти бешумори мардуми ин кишвар пардозанд.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки бар асоси эътирофоти кандидати раёсати ҷумҳурии Амрико, қарзҳои сангин ин кишварро дар остонаи варшикастагӣ қарор додааст, гуфт, ноамнӣ дар ин кишвар бедод мекунад, ба гунае, ки солона теъдоде аз мардум, ба вижа сиёҳпӯстон бо аслиҳа қурбонии хушунат мешаванд.
Оятуллоҳ Хотамӣ бо ишора ба дархости бархе кишварҳо аз Амрико барои кӯмак ба ҳалли буҳронҳои минтақа таъкид кард, кишваре, ки қодир ба ҳалли мушкилоти амниятиву молии худ нест, ҳаргиз наметавонад ба амнияти минтақа кӯмак кунад.
Имоми ҷумъаи муваққатм Теҳрон гуфт, гурӯҳи террористии ДИИШ бо ҳимоятҳои моливу таслеҳотии Амрико дар минтақа шакл гирифт, ки ҳазинаи он аз молиётҳое, ки аз мардуми ин кишвар гирифта мешуд, таъмин шудааст.
Оятуллоҳ Хотамӣ афзуд, агар раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико низ бихоҳад монанди раисони ҷумҳурии қаблии ин кишвар бо хуйи истикборӣ амал кунад, бидуни шак мисли онҳо дар чашми мардуми ҷаҳон манфур хоҳад шуд.